Метка: Эмомалӣ Раҳмон

Марги сиёсӣ ва ё ҷавонмарг кардани Рустами Эмомалӣ?!

Таҳлиле аз Амруллоҳи Низом Бо наздик шудани 22-уми май, рӯзи баргузории Раъйпурсии умуми миллӣ дар Тоҷикистон, хатарҳои амниятии хонавода ва ба хусус оилаи Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли оянда зиёдтар хоҳад шуд. Баҳои асосии ин чолишҳои амниятиро писарбузурги президенти кишвар ҷаноби Рустами Эмомалӣ бо ҷону мол ва ё […]

«Тазоҳурот» пеш аз тазоҳурот

Дар ҳоле ки мухолифони ҳукумати Тоҷикистон барои таҷаммӯъҳо ва гирдиҳамоиҳои эътирозии худ дар торихи 23 феврал дар шуморе аз кишварҳо омодагӣ мебинанд, ҳукумат низ бо басиҷ кардани теъдоде аз ба истилоҳ «ҷавонони фаъол», ин бор онҳоро водор ба таҷаммӯъ дар баробари сафорати Туркия дар Душанбе намуд. Қарор аст, […]

Ҳадафи ҳукумат аз роҳандозии таҷаммӯъҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар кишваре, ки ҳар навъ тазоҳурот ва гирдиҳамоии эътирозӣ қадаған аст, чанд моҳе аст, ки шоҳиди «таҷаммӯъ»-ҳо дар баробари сафоратхонаҳои бархе аз кишварҳо ва дафотири созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусус дафтари Иттиҳодияи Урупо ҳастем. Имрӯз ҳам мисли чанд моҳи пеш, шуморе аз ба истилоҳ «ҷавонони фаъол» […]

Ситоиш ва сарзаниш

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Тибқи гузориши сомонаи Радиои Озодӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ (гардишгарӣ) ахиран озмуне байни донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон эълом кардааст, ки мавзӯаш иншои беҳтарин асари адабии наср ё назм дар васфи раисиҷумҳур мебошад. Ва дар ин росто Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон […]

Ассисӣ ва Раҳмон; шабоҳатҳо ва тафовутҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ Байни Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури кунунии Миср ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шабоҳатҳое ҳаст ва тафовутҳое. Яке аз вуҷуҳи ташобуҳ ва монандии ин ду он аст, ки ҳар ду нисбат ба озодихоҳон ва ба хусус исломгароён, душманӣ ва кина ва адовати хоссе доранд. Агар Ассисӣ дар Миср […]

«Ленин бародар раҳнамо!..»

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Боре яке аз дӯстон накл мекард, ки дар замони мактабхонӣ ҳамсинфе доштем, ки ҳар гоҳ устоди адабиёт аз вай дарси гузаштаро мепурсид, ӯ ҳамеша дар ҷавоб як шеърро мехонд: «Ленин бародар раҳнамо!..», чун чизи дигар балад набуд. Росташ тасмимот ва қарорҳои ҳукумати Раҳмон ҳам мисли […]

Равоншиносии Эмомалӣ Раҳмон

Сайидюнуси Истаравшанӣ То кунун дида нашуда, ки ҳеч равоншиносе, чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ, дар бораи вижагиҳои равоншинохтии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таҳқиқ ва пажӯҳиш анҷом дода бошад. Умед меравад, мутахассисони ин ришта, дар оянда ин корро анҷом бидиҳанд. Банда ҳам равоншинос ба маънои томму тамоми ин калима […]

Deutsche Welle: «Раҳмон диктотурманиш аст»

Бунгоҳи байналмилалии Deutsche Welle (Олмон) дар гузорише гуфтааст: «Дар солҳои ахир Раҳмон бо мансуб кардани афроди хонавода ва бастагони худ дар раъси ургонҳои давлатӣ, рӯйкарде диктотурманишона дошта ва бо лақаби «Пешвои миллат» қудрате фароқонунӣ пайдо кард.» Ин бунгоҳ дар гузорише таҳти унвони «Тағйироти калон дар раҳбарии Тоҷикистон ва […]

Риановости: «Ислоҳи Қонун дар Тоҷикистон ҳикоят аз нопойдории ҳукумат дорад»

Як коршиноси сиёсии Осиёи Марказӣ, бо ишора ба ин ки «ислоҳи Қонун дар Тоҷикистон ҳикоят аз нопойдории ҳукумат дорад», гуфт: «Бархе равандҳои манфӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ оғоз шуда, ки дар оянда метавонад мушкилотеро барои ин кишвар ба вуҷуд оварад.» Ба гузориши Риановости, Андрей Грозин, коршиноси масоили […]

ҲНИТ хостори муҳокимаи мақомоти тоҷик дар додгоҳҳои байналмилалӣ шуд

Шӯрои сиёсии ҲНИТ, бо дархост аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ниҳодҳои ҳуқуқи башар ва додгоҳҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфтаи зиддибашарии режими Раҳмон нисбат ба миллати тоҷик, таъкид карда: «Ҷинояткорон, новобаста аз мақом ва мансабашон, ба додгоҳҳои байналмилалӣ кашида ва нисбати онҳо чораҳои лозимӣ дида шавад.» Ба […]

Ҷанҷоли интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ

Беш аз 20 сол мешавад, ки раҳбарони кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ба далели заъфи мухолифонашон ва бетафовутии сиёсии мардум, зимоми ҳукуматро дар даст доранд. Дар чанд соли оянда кишварҳои Осиёи Марказӣ шоҳиди интиқоли қудрат хоҳанд буд. Албатта ин мавзӯъ бештар ба кишварҳое таъаллуқ мегирад, ки руасои ҷумҳурашон ба […]