Метка: Эмомалӣ Раҳмон

Камии мактабҳои миёна чӣ рабте ба теъдоди масоҷид дорад?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Ба назари ман, хондан ва ё гӯш додан ба суханони “Президент“, ҷузъи аъмоли шоққа ба шумор меравад, ба гунае ки фаҳми матни он яке аз сахттарин риёзатҳои зеҳнӣ ва таҳаммули маънояш яке аз бадтарин шиканҷаҳои руҳӣ барои ҳар мухотаб аст. Ростӣ, ман намедонам, ин матнҳоро […]

Паёми Раҳмон ва таклифи опозисиюн

Сайидюнуси Истаравшанӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии имрӯзи худ дар порлумон, бо ишора ба ин ки «воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд» ва инки «вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ […]

Ба «Сарваристон» хуш омадед!

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Зоҳиран фақат Эмомалӣ Раҳмон нест, ки дӯст дорад «Сарвари миллат» хонда шавад. Ин унвон имрӯзҳо тамаъи дигаронро ҳам барангехта, ва пеш аз ҳама тамаъи ҳамсари «мӯҳтарами» ҷаноби сарварро. Агар дар ёд дошта бошед, пеш аз расмӣ шудани унвони сарвару пешвову дигару дигар, ин унвонҳо ба […]

Чаро якдафъа худро «Шоҳ» эълон намекунед?

Зебо Назарова Имрӯз бар касе пӯшида нест, ки эътои унвони «Пешвои миллат» ба президент ва ворид намудани изофоту дигаргуниҳо ба Қонуни Асосӣ, ҳамаву ҳама, ҷиҳати аз даст надодани қудрат аз тарафи президент ва хонаводааш сурат мегирад. Яъне эшон намехоҳанд, қудрате ки беш аз бист ва балки наздик ба […]

«Ҳадаф, табдили низоми ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ба низоми маврусӣ аст»

Баъзе аз коршиносони сиёсӣ мӯътақиданд, ки ҳадаф аз ислоҳи қонуни асосӣ ҳамвор кардани роҳ барои табдили низоми ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ба низоми маврусӣ аст. Қарор аст, бар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид хоҳанд шуд, синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 35-солагӣ то […]

«Хонаводаи Раҳмон мехоҳанд, дар оянда низ ҳокимият пурра дар ихтёри онҳо бошад»

Халил Қаюмзод, рӯзноманигори тоҷик, мӯътақид аст, хонаводаи Раҳмон мехоҳанд, дар оянда низ ҳокимиятро дар Тоҷикистон пурра аз они худ кунанд. Бар асоси иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки гуфта мешавад порлумон дар ҳоли баррасии он мебошад, синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон то 30-солагӣ пойин оварда хоҳад […]

Баррасии охирин таҳаввулоти Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним

Сайиюднуси Истаравшанӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Тасним, ба таҳлил ва баррасии охирин таҳаввулоти Тоҷикистон ва сафари ахири раисиҷумҳури ин кишвар ба Арабистон ва иттихози мавозеъи хасмона алайҳи Эрон пардохт. Тоҷикистон ахиран бидунии далели возеҳе ҲНИТ-ро «ҳизбе теруристӣ» муаррифӣ кардааст Истаравшанӣ дар ин мусоҳиба гуфт: «Иллати мавозеъи хасмонаи ахири […]

Вақте мафоҳими динӣ вориди арсаи сиёсат мешавад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Боре дар як мақола ёдовар шуда будам, ки вақте торихро варақ мезанед ва дар асбоб ва ангезаҳои ҷангҳое, ки ба унвони «ҷангҳои мазҳабӣ» маъруф ҳастанд, тааммул мекунед – ва ҳатто набардҳое, ки дар Урупо замоне ба вуқӯъ пайваста ва ба ҳамин ном машҳур шудаанд – хоҳед […]

«Мехоҳанд, аз Раҳмон Брежневи дигаре бисозанд»

Инак, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, расман дорои унвони «Пешвои миллат» шуд ва ҳатто пешниҳодҳое мекунанд мабнӣ бар ин ки дар мадорис ва донишгоҳҳои кишвар «Вазъи ҳуқуқии Пешвои миллат» барои донишомӯзон ва донишҷӯён тадрис шавад. Ҳол, муҳимтарин масъалае, ки дар ин миён матраҳ аст ин аст, ки «Пешвои миллат» […]

Ангезаи сафари серӯзаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистон

Таҳлиле дар Deutsche Welle Тоҷикистони форсизабон ва суннимазҳаб, ба лиҳози забонӣ ба Эрон ва аз ҷиҳати динӣ ба Арабистон наздик аст. Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Риёз, дар замони авҷгирии таниш миёни Арабистон ва Эрон, пурсишбарангез шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе (05.01.2016) ба сафари серӯзаи худ ба […]

Навори зиёрати Эмомалӣ Раҳмон аз Каъбатуллоҳ

Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон навори анҷоми маносики умраи Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводаашро мунташир кардааст. Ин сойт пештар дар гузорише бо унвони «Бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ, дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Эмомалӣ Раҳмон боз шуд«, навишта буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ, ба шаҳри […]