Tag: Эмомалӣ Раҳмон

Ангезаи Раҳмон аз пайвастан ба эътилофи ба истилоҳ зидди теруризми Арабистон

Азамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, кишвараш «дар ҳоли баррасии пешниҳоди Арабистони Саудӣ мабнӣ бар пайвастан ба эътилофи исломии мубориза бо теруризм аст». Вай, дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо рӯзномаи Ашшарқул-авсат (нашрияи расмии Арабистони Саудӣ) афзудааст: «Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, тасмим дорад, дар авоили моҳи январ ба […]

Бебадилҳо

Нарин Айип, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, дар робита бо эътои унвони «Пешвои Миллат» ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ёддоште дар сойти Zanoza.kg навиштааст. Айип дар ин ёддошт, аз ҷумла дар мавриди ҷараёни ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ расидани Раҳмон гуфтааст: “Раҳмон масири раёсати «колхоз» то раёсати ҷумҳуриро дар ду […]

Ҳунар донад аз ҷоҳилӣ айби хеш

Имрӯзҳо дар пайи тасвиби қонуне дар порлумон мабнӣ бар эътои унвони «Пешвои миллат» барои Эмомалӣ Раҳмон, як мусобиқаи густардаи чоплусӣ ва тамаллуқ ба «Пешво» дар миёни шахсиятҳо ва ниҳодҳои давлатӣ роҳ уфтода, ки ҳар як дар ин амал ба дигарӣ сибқат меҷӯянд. Дар ин миён, ниҳоди динии кишвар, […]

Сардаргумии режими Раҳмон

Ёддоште аз Маҳмудхон Бурҳонов Дар тӯли муддати ду даҳа аз ҳукумати Раҳмон метавон гуфт, ки кишвари Тоҷикистон дар як «декрети сиёсӣ» ба сар мебурд ва ба ғайр аз фаъолиятҳои Додоҷон Атоуллоев ва гурӯҳи «Ватандор», амалан ҳеҷ гуна вокуниши сареҳи сиёсӣ дар баробари сиёсатҳои худхоҳонаи Раҳмон дида намешуд. Аммо […]

Даст марезод ҷаноби Ҳикматулло Насриддинов!

Шояд тааҷҷуб кунед, вале бо пешниҳоди ҷаноби Ҳикматулло Насриддинов мабнӣ бар ин ки Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон боқӣ бимонад, комилан мувофиқам. Ва истидлоле ҳам, ки ҷаноби Насриддинов дар ин хусус оварда, дуруст ва муваҷҷаҳ аст. Эшон гуфтааст: «Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад […]

«Пешвои миллат»

Бинозам ба «рӯшанфикрон», «донишмандон» ва «муҳаққиқон»-и тоҷик! Баҳс миёни эшон дар имрӯзҳо ин шудааст, ки оё Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ба унвони «Пешвои миллат» хонда шавад ё хайр?! Иддае мувофиқанд ва иддае ҳам ба мухолифат бархостаанд. Вазъи мувофиқон, ки рӯшан аст. Ин оқоён — ки зоҳиран дағдағае дигар […]

Номаи як шаҳрванди оддӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Шахсе ба номи мустаъори «Умедвор» дар сафҳаи худ дар Фейсбук номае саргушода хитоб ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навишта, ки меҳвари паёмаш ҳодисаи дилхароши иттифоқафтода бо Умари панҷмоҳа дар Русия аст. Дар зайл матни ин номаро ба нақл аз сафҳаи ин шахс дар Фейсбук меоварам: Номаи саркушода ба […]

Мушкили асосии мақомоти тоҷик кадом аст?

Оё мушкил дар Тоҷикистон як мушкили сирф “сиёсӣ” аст, ё чизе фаротар аз он? Яъне, оё мушкил танҳо ин аст, ки давлатмардони кунунӣ таҳаммули вуҷуди аҳзоб ва гурӯҳҳо ва шахсиятҳои мунтақидро надоранд ва ба ҳамин ҷиҳат будааст, ки ба ҷони Ҳизби наҳзати исломӣ афтоданд? Ба назар мерасад, мушкил […]

Интиқоди аҷиби раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сатри бонувон

Ёддоште аз Муҳаммадалӣ Толибӣ дар пойгоҳи садо ва симои Ҷ.И.Эрон Мақомҳои давлати Душанбе ҳамчунон дар пайи зудудани намодҳои исломӣ аз ин кишвари мусалмон ҳастанд. Дар ҳамин иртибот, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба баҳонаи “таҳти таъсир қарор гирифтани фарҳанги бегона”, ба бонувони муҳаҷҷабаи ин кишвар ҳушдор дод. Эмомалӣ Раҳмон […]

Мақолае дар Алҷазира: “Тоҷикистон… фишори бевақфа бар ҲНИТ”

Мақолае аз дуктур Мисбоҳуллоҳ Абдулбоқӣ дар пойгоҳи интернетии Алҷазира Ба назар мерасад, мақомоти тоҷик ахиран вориди маъракае шудаанд, ки ҳадаф аз он, решакан кардани Ҳизби наҳзати исломӣ ва гурӯҳҳои вобаста ба ин ҳизб дар ин кишвар аст. Дар чанд рӯзи гузашта мақарри марказии ҲНИТ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро […]

Чӣ касе қотили Умар Бобоҷонов аст?

Соате пеш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хондам, Умар Бобоҷонов, ҷавони 23-сола аз ноҳияи Ваҳдат, дар бемористон даргузаштааст; ҷавоне, ки бар асоси гузориши расонаҳо ва ба нақл аз шоҳидони айнӣ ва наздиконаш, ба хотири доштани риш аз сӯйи нерӯҳои интизомӣ ибтидо мавриди таҳқир ва иҳонат қарор мегирад ва сипас то […]