Метка: Эмомалӣ Раҳмон

На Эмомалӣ Раҳмон нотакрор аст ва на Рустам Эмомалӣ беназир

Ёддошти Зафари Сӯфӣ Росташ ман ҳайрони гуфтаҳои бархе дӯстон ҳастам ва моҳияти ҳарфҳояшонро намефаҳмам. Мегӯянд, агар Рустами Эмомалӣ бошад, шаҳри Душанбе обод мешавад, ҳама бахшҳои зиндагӣ рушд мекунад, майдончаҳои варзишии зиёд сохта шуд, ҷинояткорӣ кам мешавад. Ҳатто яке менавишт, ки чун ин сер аст, чашмаш ба даромади мардум […]

Чаро касе ҳозир нест дар фазои маҷозӣ аз сиёсатҳои ин режим ҳимоят кунад?

(Нигоҳе ба “ҳузур”-и ҳукумати Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ ва яке-ду мулоҳиза ба ёддошти Сайёфи Мизроб ба унвони “Вакуум”) Сайидюнуси Истаравшанӣ Бешак, имрӯз, шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук, Твиттер, Ютюб ва ғайра, ба майдоне берақиб барои интишори ахбору гузоришҳо ва таҳлилу изҳори назарҳо табдил ёфта ва ҷойи рӯзномаҳо ва ҳатто […]

Паёми солинавии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, “ба кор даровардани чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун”, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар СММ дар робита бо муъзали об дар ҷаҳон ва низ гушоиш дар равобит бо Ӯзбекистонро ба унвони се рӯйдоди муҳимми соли 2018 барои Тоҷикистон унвон кард. Ба гузориши сойти риёсати […]

Коршиноси омрикоӣ: “Иддаои мақомоти тоҷик, ки ҲНИТ ҳамла ба дучархасаворонро созмондиҳӣ карда беасос аст”

Дуктур Эдворд Лемун, пажӯҳишгари Муассисаи мутолеоти байналмилалии Кинон дар Донишгоҳи Донил Мургони Вошингтун (DMGS-Kennan Institute Fellow at the Daniel Morgan Graduate School in Washington) дар мусоҳиба бо пойгоҳи Diplomat, бо баёни ин ки “иддаои ДОЪИШ дар хусуси ҳамлаи июл, ки мунҷар ба кушта шудани 4 дучархасавори ғарбӣ шуд […]

“Касе, ки таъкид мекунад, ки истиқлол дорад, вобастатар аз ҳар каси дигар аст”

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште, бо ишора ба бахше аз суханони Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ахираш, хотирнишон кард: “Касе, ки ба ҳар баҳонае таъкид мекунад, ки истиқлол дорад, вобастатар аз ҳар каси дигар аст.” Дар ин ёддошт омадааст: “Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои […]

ПМТ; таваллуд, ангезаҳо, дастовардҳо ва чолишҳои пеши рӯй

Сайидюнуси Истаравшанӣ Инак, соли 2018 милодӣ рӯ ба поён аст ва чанд рӯзи дигар соли ҷадиди 2019 фаро мерасад. Лозим донистам дар поёни сол андаке дар бораи муҳимтарин иттифоқ дар соли 2018 барои опозисиюни тоҷик, ки таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) мебошад бинависам. Ароизамро дар чанд нукта баён […]

Ваҷҳи муштараки Отатурк, Ризошоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон

Сайидюнуси Истарвшанӣ Дар ин ёддошт, мехоҳам дар бораи тасмими ахири мақомоти тоҷик мабнӣ бар қабули қонуне, ки бар асоси он, бонувони сатрпӯш аз вуруд ба вазоратхонаҳо, идорот ва корхонаҳо манъ мешаванд, бинависам. Дар ҳамин оғоз шоиста аст ёдоварӣ намоям, ки роқими ин сатрҳо намехоҳад дар инҷо мавзӯи мавриди […]

Фарзандони президентҳои Осиёи Марказӣ чӣ мекунанд?

Сооронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, камтарин фарзандро дар байни раисони ҷумҳури Осиёи Марказӣ дорад ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, падари 9 фарзанд аст. Бархе аз фарзандони раисони ҷумҳур дар пушти саҳна ҳузур доранд ва бархе дигар аз онон дар фаъолиятҳои калидии кишвар ба таври фаъол ҳузур ва симатҳои муҳиммеро […]

Чаро ПМТ воқеънигартар аз режими ҳоким аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳамин ки як маъракаи сиёсӣ аз сӯи опозисиюни тоҷик, ки ҲНИТ ҷузъе аз он бошад баргузор шавад, чӣ он ҷо, ки масалан дар нишастҳои солонаи САҲА ширкат кунад ва чӣ он ҷо, ки роҳпаймоӣ ва тазоҳуроте дар яке аз шаҳрҳои урупоӣ ба роҳ андозад — ки […]

Ин модарони доғдида ҳам шоистаи як “изҳори таслият” буданд, ҷаноби Президент!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барқияи таслияте ба Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, ба хотири ҳодисаи асафангези Кобул фиристод; ҳодисае, ки дар он, ҳудуди 50 нафар аз ҷамъомадагон дар ҷашни мавлуди ҳазрати Паёмбар (с) дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ, ба шаҳодат расиданд. Шакке нест, ки ин […]

Равоншиносии Эмомалӣ Раҳмон

Сайидюнуси Истаравшанӣ (Бознашр аз таърихи 31.01.2016 дар ҳамин пойгоҳ) То кунун дида нашуда, ки ҳеч равоншиносе, чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ, дар бораи вижагиҳои равоншинохтии Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу пажӯҳиш анҷом дода бошад. Умед меравад, мутахассисони ин ришта, дар оянда ин корро анҷом бидиҳанд. Банда ҳам равоншинос ба маънои […]