Tag: Эҳёи улуми дин

Муроқиби забонатон бошед!

Забон, ба қавли Имом Ғаззолӣ (р) ҳарчанд кучак, вале «ҷинояташ бас бузург» аст. Гоҳе бузургтарин гуноҳон ва ҷиноятҳо дар натиҷаи раҳосозии лиҷоми забон ба амал омада. Аз ин рӯ, шариат таъкид дорад, ки мардум муроқиби забонашон бошанд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудаанд: مَنْ صَمَتَ نَجَى «Ҳар кӣ […]

Ихлос (Дарсҳое аз Эҳёи улуми дин)

Ихлос яке дигар аз ахлоқи ҳамида ва писандида дар ислом ба шумор меояд, ки дар оёт ва ривоёти исломӣ ба он тавсияи фаровон шуда. Худованди Мутаъол мефармояд: وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ «Дар ҳоле ки ба онҳо дастуре нашуда буд ҷуз ин ки Худоро парастиш […]

Таваккул

Дарсҳое аз китоби Эҳёи улуми дини Ғаззолӣ (р)) — 9 Яке дигар аз ахлоқи ҳамида, таваккул аст. Таваккул, яъне вогузорӣ ва эътимод. Он ҷо ки мегӯяд ба Худо таваккул кардам, яъне корамро ба Худо вогузор намудам ва ба Ӯ эътимод намудам. Албатта маънои таваккул ба Худо ин нест, […]

Зуҳд

Дарсҳое аз китоби Эҳёи улуми дини Ғаззолӣ (р)) — 8 Яке аз ахлоқи ҳамида ва аз мақомоти соликон зуҳд аст. Зуҳд, бино бар таърифи Имом Ғаззолӣ (р), иборат аст аз: берағбатӣ ба дунё магар ба андозаи зарурат. Албатта, зуҳд мунофоте бо зиёдии молу сарват надорад. Яъне инсон метавонад […]

Раҷо (дарсҳое аз китоби Эҳёи улуми дин) — 7

Яке дигар аз мақомоти соликин, раҷо ва хавф аст. Дар забони тоҷикӣ ба раҷо умедворӣ ва ба хавф тарсу бим мегӯянд. Умед ба раҳмати Худо ва тарс аз азоби ӯ. Бандаи мӯъмин бояд ҳамеша байни раҷо ва хавф зиндагӣ кунад. На чунин бошад, ки бо такя ба раҳмати […]

Тавба

Тавба, ки ба форсӣ ба маънои «бозгаштан» аст, Имом Ғаззолӣ (р) иборат аз амре медонад, ки аз се чиз ташкил шуда: илм, ҳол ва феъл. Илм яъне он ки инсон ба зарару зиёни гуноҳоне, ки аз ӯ сар зада огоҳ бошад ва ин ки он гуноҳон заҳрҳои қотил […]

Ғурур (2)

Мусалмони мағрур касе аст, ки бо ин ки ҳеч амале нек дар ӯ дида намешавад, вале гумон мекунад Худо ӯро хоҳад бахшид. Ва ин, ба қавли Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р), як таманнои беҷост. Зеро растгорӣ танҳо ба имони банда нест, балки бояд имон мақрун ба амал бошад. Дар […]

Дарсҳое аз «Эҳёи улуми дин» – Дарси аввал

Бо дархости дӯстон, дар коноли Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон дарсҳоеро аз китоби арзишманд ва гаронбаҳои «Эҳёи улуми дин»-и Имом Абӯҳомиди Ғаззолии Тӯсӣ (р) оғоз кардам. Албатта, гузидаҳоеро аз ин китоб ба хусус ҷилди 3 ва 4-ро барои тадрис интихоб кардам, яъне бахши ахлоқи ин китобро. Ва қарор бар […]

Поскол ва масъалаи пойбандӣ ба шариат

Дар робита бо масъалаи имон ба Худо ва пойбандӣ ба шариати Ӯ, дидгоҳи бархе аз донишмандон ва фалосифаи барҷастаи дунё ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Даъби фалосифа ғолибан чунин будааст, ки дар ибтидои кор ба наққодии далелҳо ва бурҳонҳои исботкунандаи вуҷуди Худо ва охират ва нубувват мепардохтанд ва сипас худашон […]