Метка: Қатар

Тавофуқномаи сулҳ миёни Омрико ва Толибон имзо шуд // Раҳбари Толибон ин тавофуқномаро як пирӯзӣ донист

Пас аз як соли музокирот, асри имрӯз Омрико ва Толибон тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд. Ба гузориши расонаҳо, Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Омрико дар умури сулҳи Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон, тайи маросиме дар Дуҳа, пойтахти Қатар ва дар ҳузури мақомот […]

Пушти пардаи истеъфои Моҳотир Муҳаммад

Соҳибназарон бар ин боваранд, ки истеъфои Моҳотир Муҳаммад сирфан моҳияти дохилӣ дорад ва вай тайи яке ду рӯзи оянда муҷаддадан ташкили давлат хоҳад дод… Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири пуровозаи Молезӣ (Малайзия), ки солҳо ин кишварро бо корномае бисёр дурахшон идора кардааст, ба якбора аз қудрат канор рафт. Ӯ дар […]

Хашми ҷавонони қатарӣ аз оддисозии равобити кишварашон бо саҳюнистҳо

Ҷавонони қатарӣ аз ҳузури як масъули саҳюнистӣ дар як конфронси байналмилалӣ дар пойтахти кишварашон бисёр хашмгин шуданд. Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алъаҳд, ҳузури як масъули саҳюнистӣ дар як конфронси байналмилалӣ дар Дуҳа, пойтахти Қатар, хашми теъдоде аз корбарон ва фаъолони қатариро барангехт. Дар рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ, Конфронси […]

Чаро амири Қатар ба Теҳрон омад?

Имрӯз (якшанбе, 12 январ) Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, дар сафаре ногаҳонӣ ба Теҳрон омад ва бо раҳбар ва раисиҷумҳури Эрон дидор ва гуфтугӯҳое анҷом дод. Тибқи гузориши расонаҳои эронӣ, бештари гуфтугӯҳо пушти дарҳои баста сурат гирифта ва ҳанӯз чизе аз муҳтавои ин гуфтугӯҳо ба […]

Дидгоҳи нахуствазири пешини Қатар дар бораи интиқоми Эрон

Ҳамад бен Ҷосим, нахуствазири пешини Қатар, имрӯз (сешанбе, 7 январ) дидгоҳи худ дар бораи бӯҳрон дар минтақаро баён кард. Ҳамад бен Ҷосим дар сафҳаи твиттери худ навишт: “Дар сояи таҳаввулоти ахир дар минтақа, он гуна ки қаблан гуфта будам, тасаввур намекунам ҷанги фарогир рух диҳад; ва гумон намекунам […]

Чаро Нишасти исломии Молезӣ боиси хашми Арабистони Саудӣ ва ҳароси Исроил гардид?

Баргузории Нишасти исломӣ дар Куоло-ломпури Молезӣ (Малайзия) илова бар ин ки хашми шайхнишинон бавежа саудиҳоро ба дунбол дошт, мӯҷиби ҳароси саҳюнистҳо аз натоиҷи он шудааст. Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Аларабӣ Алҷадид, раҳбарон ва намояндагони чандин кишвари исломӣ, ба пойтахти Молезӣ барои ширкат дар як нишасти исломӣ омаданд. Дар […]

Намояндаи мусалмони Кунгураи Омрико иттиҳоми ҷосусӣ барои Эронро рад кард

Илҳон Умар, намояндаи мусалмони Кунгураи Омрико, иттиҳомоти матраҳшуда дар бархе расонаҳои саудӣ дар бораи ҷосусии ӯ барои Эронро рад кардааст. Дафтари ин намояндаи 38-солаи Кунгураи Омрико дар посух ба рӯзномаи Jerusalem Post иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи як шоҳиди додгоҳӣ дар иёлати Флуридо мабнӣ бар ирсоли иттилооти ҳассос аз […]

Мустанади Алҷазира парда аз чеҳраи зишти подшоҳони халиҷ бардошт (видео)

Шабакаи Алҷазираи Қатар мустанадеро пахш кард, ки ба нақши яке аз кишварҳои халиҷи Форс дар ҳимоят аз теруризми такфирӣ ва талош барои густариши оташи ҷанги мазҳабӣ дар минтақа мепардозад. Мустанади ҷадиди барномаи маъруфи “Мо хафия аъзам” (Ногуфтаҳо бузургтар ҳастанд), ки тавассути шабакаи Алҷазираи Қатар тавлид ва шомгоҳи якшанбе […]

Ифшои номаи Саддом ба Рафсанҷонӣ аз сӯи Руҳонӣ

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи гузашта муҳтавои номаи Саддом Ҳусайн ба Ҳошимии Рафсанҷониро фош кард. Вай гуфт, Саддом аз Эрон хоста буд, ки ба ӯ дар ишғоли кишварҳои халиҷи Форс дар баробари дастёбӣ ба ҳар хостае, кӯмак кунад. Руҳонӣ гуфт: “Агар тасмимоти ҳакимонаи раҳбар ва раисиҷумҳури он замони […]

Вақте Қатар аз Поп дархост мекунад, то миёни кишварҳои арабӣ миёнҷигарӣ намояд

Раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар аз Попи Вотикон хост, то тайи сафараш ба Абӯзабӣ, бар масъулони аморотӣ эъмоли фишор кунад. Алӣ Ал-Марӣ, раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар, дар дидор бо Поп Фронсис, раҳбари котуликҳои ҷаҳон, паёмҳои шаҳрвандони қатариро ба Попи Вотикон мунтақил кард, ки бар асоси […]

Нахуствазири собиқи Қатар: “Муомилаи қарн” бо ҳимояти бархе кишварҳои арабӣ иҷро мешавад”

Нахуствазири собиқи Қатар гуфт, ки тарҳи омрикоии созиш бо Исроил мавсум ба “муомилаи қарн”, гом ба гом бо ҳимоят ва пуштибонии кишварҳои бузурги арабӣ дар ҳоли иҷро шудан аст. Ҳамад бен Ҷосим дар сафҳаи Твиттери худ хитоб ба сарони кишварҳои арабӣ пас аз интиқоли сафорати Омрико ба Қудси […]