Метка: Қуръон

Чаҳор ҳикояти омӯзанда

Қуръон ва Наполеон Як китоб ҳаст ба номи “Достонҳои сураи Ҳамд” таълифи Алӣ Мирхалафзода, китоби гаронмояе аст. Муаллиф дар ин китоб достонҳо ва ҳикоятҳои марбут ба сураи Ҳамд ва гоҳе достонҳое дар бораи Қуръонро гирд оварда, аз ҳар манбаъ ва маъхазе. Як достон оварда ба нақл аз як […]

Ин аст мӯъҷиза будани Қуръони Карим!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Агар мо Қуръони Каримро мӯъҷизаи илоҳӣ медонем, бештар ба ин ҷиҳат аст, ки ин китоб дар як муддати бисёр андак тавонист инсонҳои бадавӣ ва ваҳширо мутаҳаввил кунад. Ва на танҳо арабҳоро, балки тамоми милалу ақвомеро, ки дар он даврон ба ислом даромаданд. Зеро дар он замон, […]

Ақл муқаддам аст бар нақл

Сайидюнуси Истаравшанӣ Агар ақлоният аз як ҷомеа рахт барбандад, ошуфтагӣ ва хушунат нахустин чизест, ки гиребони он ҷомеаро мегирад. Ақлоният яъне хирадварзӣ. Яъне бар мабнои ақлу хирад гом бардоштан, ба кӯмаки ақл пазируфтани чизе ва ба кӯмаки он радд кардани чизе. Вақте дар ҷомеае миёни ҳукком, давлатмардон ва […]

Дар куҷои ин рисола метавон даъват ба “теруризм”-ро пайдо кард? // Матни комили рисолаи “Муҳаммад (с) ва терроризм” ба қалами Далер Шарифов

То кунун беш аз ҳашт созмон ва даҳҳо рӯзноманигори дохилу хориҷ бо судури баёнияҳое, боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигор ва фаъоли тоҷикро маҳкум ва хостори озодии фаврии ӯ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон Далер Шарифовро ба иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ” боздошт кардаанд. Аҷиб он, ки Додситонии (Прокуратураи […]

Чин мехоҳад Инҷил ва Қуръонро “бознависии сусиёлистӣ” кунад

Нашрияи англисии Daily Mail дар гузорише менависад, Пекин қасд дорад ривояте нав аз Қуръон ва Инҷил бар асоси “арзишҳои сусиёлистӣ” ироа диҳад. Раҳбари Ҳизби кумунисти Чин дар моҳи ноябр дастури арзёбии ҷомеи китобҳои мазҳабиро додааст. Daily Mail аз қавли як мақоми аршади чинӣ менависад, қарор шуда нусхаҳои ҷадиди […]

Ҳофиз ва маю шароб

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Ҳофиз Сайидюнуси Истаравшанӣ 20 меҳр (мусодиф бо 12 октябр) Рӯзи бузургдошти Ҳофиз унвон шудааст. Мавзӯе, ки имшаб барои ин муносибат интихоб кардам ва мехоҳам андаке ба тафсил дар бораи он бинависам, мавзӯи Ҳофиз ва достони маю шароб дар ашъори ӯ – ва куллан дар […]

Достони ҳидоят будани Қуръон

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар оғозҳои даврони талабагӣ, замоне ки тоза ба омӯзиши тафсири Қуръони Карим шурӯъ карда будам, ин ояти шарифа ҳамеша бароям як муаммо буд ва наметавонистам дуруст бифаҳмам ва ҳазмаш кунам, яъне ин оят: ذَلِكَ الْكِتَابُ لاَ رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ “Ин (Қуръон) китобест, ки дар ҳаққонияти […]

Бадтарин шакли диндорӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бадтарин шакли диндорӣ он аст, ки соҳибаш фоқиди он бошад. Яъне, чизеро, ки ӯ муддаъист дорад, шумо онро пеши вай наёбед. Масалан, як мусалмони диндор, ки қоъидатан бояд пойбанд ба ислом бошад, шумо исломро пеши вай наёбед. Як ривоят аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл шудааст, ки […]

Баҳсе дар бораи вожаи “илм” ва “илмӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ Аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки миёни корбарон дар фазои маҷозӣ сурат мегирад, чунин бардошт мешавад, ки гоҳе, мо забони якдигарро нафаҳмида беҳуда бо ҳам ҷанҷол ва кашмакаш мекунем. Аз ин рӯ, дар ҳар баҳсе, аввал бояд маъноҳое, ки ҳар як аз мо ба кор мегирад, ба ҳамбаҳсаш […]

Ҳукми шароб дар Ислом

Агарчӣ ҳукми хамр (шароб) дар ислом барои мусалмонон маълум аст, аммо чун шубҳаҳое аз тарафи иддае ноогоҳ ба масоили шаръӣ, дар бораи ҳукми он пароканда мешавад, лозим дидам ба ин шубҳаҳо посух бинависам. Шубҳаҳое аз ин қабил, ки: 1. Оё дар Қуръони Карим ҳукми хамр ба ин сурат, […]

Чаро дар Қуръон аз барф ёдоварӣ нашудааст?

“Чаро дар Қуръон ягон маротиба аз барф ёдоварӣ нашудааст? Шояд Муҳаммад он вақт барфро надида буд, чун ҳавои Арабистон гарм аст ва барф намеборид? Ё шояд Худои Муҳаммад дониши кам дошт ва намедонист, ки барф чист?..” Ин пурсиш, ё беҳтар аст бигӯям шубҳа, ки аз сӯи корбаре ба […]