Метка: Ҳасани Руҳонӣ

Руҳонӣ: “Ӯзбакистон тасмим ба хариди нафт аз Эрон намудааст”

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ пас аз бозгашт аз сафари Қазоқистон, дар ҷамъи хабарнигорон, бо ишора ба дидори худ бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, гуфт: “Мулоқот бо раисиҷумҳури ҷадиди Ӯзбакистон ҳоизи аҳаммият буд.” Вай афзуд: “Мо равобити хасмонае надоштем ва равобити самимона ва наздике ҳам бо ҳам […]

Мирзиёев: “Ӯзбакистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад”

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар дидор бо Ҳасани Руҳонӣ, ҳамтои эронии худ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қазоқистон, бо таъкид бар ин ки “Ӯзбакистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад”, аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Ӯзбакистон даъват […]

Ардуғон: “Ҳамроҳ бо Эрон барои кӯмак ба мусалмонони Миёнмор иқдом мекунем”

Раисиҷумҳури Туркия дар дидор бо ҳамтои эронии худ дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, бо баёни ин ки “бояд ба масъулони Миёнмор барои таваққуфи фаврии хушунатҳо ҳушдори ҷиддӣ бидиҳем”, изҳор дошт: “Дар иҷлоси фардо, баёнияе дар заминаи Миёнмор содир мекунем, бо Эрон дар ин […]

Руҳонӣ фаро расидани солгарди истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Дар ҳоле, ки ҳеч як аз расонаҳои вобаста ба давлати Тоҷикистон, паёми табрики раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва миллати Тоҷикистонро мунъакис накардаанд, хабаргузориҳои дохилии Эрон ин паёмро ба сурати густарда бозтоб додаанд. Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раисиҷумҳури Эрон, Руҳонӣ дар ин паём бо табрики фаро […]

Номаи Ҳаниа ба Руҳонӣ дар бораи шароити Масҷидулақсо

Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, бо ирсоли номае ба раисиҷумҳури Эрон, ба ташреҳи иқдомоти таҷовузкоронаи саҳюнистҳо дар Масҷидулақсо ва вазъияти кунунии фаластиниён пардохт. Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ба дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон паёме ирсол карда ва дар он ба ташреҳи иқдомоти режими […]

Руҳонӣ: “Имом Ҳасан (а) барои дини Худо ва уммати ислом сулҳ кард”

Раисиҷумҳури Эрон, бо ишора ба ин ки шаҳомати бисёр зиёде мехоҳад, ки инсон барои масолеҳи ҷомеаи исломӣ дасти сулҳ дароз кунад, афзуд: “Имом Ҳасан (а) барои дини Худо ва уммати ислом ин корро кард ва бо сулҳи худ шамшер ва найзаеро таҳаммул кард, ки бисёр дардноктар аз шамшер […]

“Мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад, на Омрико ва Ангилис”

Дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон изҳор дошт: “Мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад ва на Омрико ва на Ангилис ва мо он рӯзе метавонем уммати воҳида бошем, ки Худо рабби мо бошад ва на силоҳи теруристҳо.” Ба гузориши хабаргузории Форс, дуктур Ҳасани […]

Равобити Эрон-Тоҷикистон пас аз марги Каримов

Ёддоште дар хабаргузории Форс Тайи як даҳаи ахир ҳарчанд бо иттихози рӯйкарди “нигоҳ ба шарқ” ба унвони меҳвари сиёсати хориҷии Эрон дар давлати 9-ум ва 10-ум (давлати Аҳмадинажод), интизор мерафт, ки тавваҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Миёна низ афзоиш ёфта ва пайвандҳо миёни Теҳрон ва ин минтақа таҳким ва […]

“Эрон бо ҳар гуна доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ мухолиф аст”

Раисиҷумҳури Эрон, бо баёни ин ки “мусалмонон, аъам аз шиъа ва суннӣ, қарнҳост, ки дар канори якдигар, бо эҳтиром ва иттиҳод бародарона зиндагӣ карда ва хоҳанд кард” гуфт: “Эрон бо ҳар гуна фирқагароӣ ва доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ мухолиф аст.” Дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар 70-умин […]

Фидел Костру: “Миллати Эронро таҳсин мекунам”

Фидел Костру, раҳбари Инқилоби Кубо, бо таъкид бар ин ки “миллати бузурги Эрон алорағми фишорҳо ва таҳримҳо тавонистааст ба рушди иқтисодии худ идома диҳад” гуфт: “Миллати Эронро таҳсин мекунам.” Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раисиҷумҳури Эрон, дуктур Ҳасани Руҳонӣ, ки ба даъвати расмии раисиҷумҳури Кубо, барои сафари дурӯза вориди […]

“Набояд мусалмонон рӯ дар рӯи ҳам қарор гиранд”

Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҳамаи шиъён ва аҳли тасаннун бародар ва узви хонаводаи ҷаҳони ислом ҳастанд, гуфт: “Мутаассифона имрӯз душманони ислом бо таслеҳи гурӯҳе одамкуш ва терурист таҳти номи ислом, шамшерро бар рухи ислом ва мусалмонон кашидаанд ва онҳоро рӯ дар рӯи якдигар қарор додаанд. […]