Метка: ҳастӣ

Фалсафа ва равиши реализм (107)

Зарурат ва имкон (9) Матни мақола: Баёни дигар Аз ҷумла бадеҳиёте, ки мо кучактарин шакку тардид дар он раво надошта ва муассиртарин силоҳи илмии худ медонем, “қонуни иллият ва маълулият” аст (ҳар ҳодиса иллате дорад). Ҳар падида, ки падидор мешавад, иллате дорад, ва агар ин иллат набуд, падидаи […]

Фалсафа ва равиши реализм (106)

Зарурат ва имкон (8) Матни мақола: Дар мақолаи гузашта ба субут расонидем, ки воқеияти ҳастии ҳар моҳияте ҳаргиз нобуд намешавад (бо ҳифзи ваҳдати шароит дар ҳар ду ҳол). Ва ба иборати дигар, ҳар моҳият агарчи назар ба зоти худаш метавонад ба ҳар як аз вуҷуд ва адам муттасиф […]

Фалсафа ва равиши реализм (105)

Зарурат ва имкон (7) Муқаддима (7) Оё мавҷуд маъдум мешавад? (2) Суоли дуввум: Бино бар ин ки “мавҷудият хоссияти зотии вуҷуд аст ва мумтанеъ аст, ки аз вай салб шавад” лозим меояд, ки тамоми вуҷудот воҷиб ба вуҷуби зотӣ бошанд, яъне лозим меояд, ки ҳар вуҷуде воҷибулвуҷуд бошад. […]

Фалсафа ва равиши реализм (104)

Зарурат ва имкон (6) Муқаддима (6) Оё мавҷуд маъдум мешавад? (1) Бино бар он чӣ дар ин муқаддима гуфта шуд, ки “зарурат” хоссияти вуҷуд аст ва дар худи ин мақола ба ин сурат истидлол шуда: “Воқеияти ҳастии як моҳият ҳаргиз наметавонад муқобили худро (адамро), ки иртифоъи воқеият аст […]

Фалсафа ва равиши реализм (103)

Зарурат ва имкон (5) Муқаддима (5) Тавҷеҳи низоми мавҷудот Матолибе, ки таҳти ановини гузашта баён кардем, ҳама муқаддимаи тавҷеҳи низоми мавҷудот буд. Аз матолиби гузашта маълум шуд, ки натиҷаи бархе аз назарияҳо нафйи вуҷуб ва зарурати низоми мавҷудот буд, ва натиҷаи бархе исботи он. Ва тарафдорони назарияи зарурати […]

Фалсафа ва равиши реализм (102)

Зарурат ва имкон (4) Муқаддима (4) Зарурати биззот ва билғайр Аз он чӣ қаблан дар зимни баён маншаи зарурат ва имкон гуфтем ва аз он чӣ дар зимни баёни қонуни ҷабри иллӣ ва маълулӣ гуфтем, то андозае маънои зарурати биззот ва билғайр равшан шуд, вале барои мазиди тавзеҳ […]

Фалсафа ва равиши реализм (101)

Зарурат ва имкон (3) Муқаддима (3) Қонуни иллият ва маълулият Қонуни иллият ва маълулият иборат аз ин аст, ки: ҳар ҳодисае, ки пайдо мешавад, эҳтиёҷ ба муҷид (ба вуҷуд оваранда) ва падидоварандае дорад. Ва ба иборати дигар: ҳар чизе, ки ҳувияташ “кор” ва “ҳодиса” буда бошад, он чиз […]

Фалсафа ва равиши реализм (100)

Зарурат ва имкон (2) Муқаддима (2) Ин баҳс илмист ё фалсафӣ? Мумкин аст барои касоне, ки ҳудуди ҳиссу ақл ва ҳудуди илму фалсафаро дуруст бознашнохтаанд, ин таваҳҳум пеш ояд, ки ин масъаларо аз тариқи “улум” метавон ҳал кард, ба ин баён, ки: ҳар илме моро ба як силсила […]

Фалсафа ва равиши реализм (99)

Мақолаи ҳаштум Зарурат ва имкон (1) Муқаддима (1) Яке аз масоиле, ки дар фалсафа мавриди баррасӣ қарор мегирад ва ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи фалосифаи ҷаҳон буда ин аст, ки: “Оё низоми мавҷудоти ҷаҳон, низоми зарурӣ ва вуҷубӣ аст ё на?” Яъне, оё он чӣ дар ин ҷаҳон мавҷуд мешавад […]

Фалсафа ва равиши реализм (98)

Воқеият ва ҳастии ашё (12) Матни китоб: 3) Моҳиёти ҳақиқӣ, ки мо онҳоро “ҷилваҳои гуногуни воқеияти хориҷ дар зеҳн” номидем, дар айни ин ки нисбат ба воқеияти хориҷ эътиборӣ ва пиндорҳои беасар ҳастанд, нисбат ба ҳамдигар мухталиф ҳастанд (чунонки ҳар ду матлаб дониста шуд) ва ин ихтилоф ва […]

Фалсафа ва равиши реализм (97)

Воқеият ва ҳастии ашё (11) Дар ин мақола маҷмӯъи масоиле, ки ба номи “масоили вуҷуд” зикр шуда, 12 масъала аст ва мо 7 масъалаи онҳоро комилан тавзеҳ додем. Аз ҳафт масъалаи гузашта дутои онҳо фавқулъода боаҳаммият аст ва аз назари дахолате, ки он ду масъала дар сарнавишти фалсафа […]