Метка: Ҳафиз Бобоёров

Диранге бар мақолаи Нуриддин Шаҳобиддинов таҳти унвони “Мазҳаб ва инкишоф”

Фикр мекардам, “ҷоҳилу нодону кавдан” пиндоштани дигарон, ба хусус диндорон, фақат махсуси “донишмандони” даврони Шӯравист – зеро пиндорашон ин буд, ки мулло ҷамоат чизе намефаҳмад – аммо шӯрбахтона, мебинем, ки ин одати зишт ҳанӯз ҳам дар миёни олимнамоҳои Тоҷикистон, лоақал дар миёни порае аз онҳо, пойбарҷо будааст. Аҷиб […]

Табиати инсонӣ ва адолат

Яке ду мулоҳиза ба ёддошти ахири ҷаноби Ҳафиз Бобоёров Матлаби ахири ҷаноби Ҳафиз Бобоёров, ки тарҷумаи гуфтугӯи Наум Чомский — забоншинос, файласуф ва мутафаккири омрикоӣ, бо Мишел Фуку — файласуф, таърихдон ва мутафаккири муосири фаронсавиро оварда ва дар ҳошияи он, ба сурати хеле мухтасар дидгоҳи худро коридаанд, баҳона […]

Бедил ва “корманди илм”

Ба қалами Ҳафиз Бобоёров Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба Бедил баргузор гардид. Аммо агар қазияи “корманди илмӣ” намебуд, шояд бисёриҳо аз воқеияти илму дониш дар ниҳоде, ки худ ба таҳқиқи илмӣ машғул аст, огаҳ намешуданд. Хуб аст, ки як нафар он чӣ дили тангаш мехост, […]

Ҳафиз Бобоёров: “Шумо ҳаққи маънавӣ дар бораи адолат гуфтан надоред”

Ҳафиз Бобоёров, дар як ёддошти кӯтоҳ, дар посух ба ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов, хитоб ба ӯ навиштааст: “Шумо аслан ки дар фикри адолат нестед, балки дар пайи қудратёбӣ ҳастед. Аз ин нигоҳ, шумо ҳаққи маънавӣ дар бораи адолат гуфтан надоред. Як инсони адолатпеша ба ҳама Пешвоҳо мухолиф аст.” Ӯ […]

Иддаоҳои Ҳафиз Бобоёров дар тарозуи мантиқ

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа ва маорифи исломӣ Изҳори назарҳои Ҳафиз Бобоёров дар мавзӯи дин ва бахусус дини ислом, бо он ки аз назари “истидлол“ (исботи муддао бо далел) фоқиди ҳар гуна эътибор аст – зеро эшон ғолибан иддао мепароканад ва дида нашудааст, ки бар муддао […]

Ду қарни сукут?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Як донишманд ва ё лоақал касе, ки гумон мекунад донишманд аст, агар як матлабро нодуруст бидонад, ҳоло ба ҳар далел, дар ин сурат танҳо коре, ки ӯ дар баробари он матлаб мекунад ин аст, ки бо зикри далел ва бурҳон, нодуруст ва носаҳеҳ будани матлаби мавриди […]

Ҳаким Носири Хусрав ва “Консепсияи Ақли Кулл” (2)

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров, бахши дуввум Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ин қисмат аз навиштор — ки бахши дуввум аз нақду баррасиҳои андешаи ҷаноби Ҳафиз Бобоёров дар бораи “Консепсияи Ақли Кулл”-и Ҳаким Носири Хусрав аст — ибтидо саъй мешавад назари Ҳаким барои хонандаи азиз дуруст тафҳим бишавад, то бибинем, […]

Ҳаким Носири Хусрав ва “Консепсияи Ақли Кулл” (1)

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров, бахши аввал Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ин навиштор, ки дар ду бахш ироа хоҳад шуд ва инак бахши аввали он пешкаши хонандаи азиз мешавад, ба нақду баррасии яке дигар аз “далелҳое”, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров барои исботи муддаъои хеш ба он такя кардаанд, мепардозем. […]

“Маҳакк”-и Мавлоно

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ин ҷустор низ ба нақд ва баррасии яке дигар аз “далел”-ҳое, ки ҷаноби Ҳафиз Бобоёров дар исботи муддаъои худ зикр кардаанд, мепардозем. Муддаъои эшон ин аст, ки равшанфикрони тоҷик (аъамм аз фалосифа, ҳукамо, шуъаро ва ғайра…) аз қадим то ба […]

Миёнаравие, ки Бӯалӣ Сино аз он гуфтааст чист?

Нақде бар андешаи Ҳафиз Бобоёров Сайидюнуси Истаравшанӣ Қазоватҳо ва довариҳои нодуруст дар ҳавзаи андеша, дар бисёр маворид бархоста аз бардоштҳои ғалат аст. Ва агар ин гуна бардоштҳо аз сӯйи як донишманд ё касе, ки иддаъо мекунад донишманд аст сурат бигирад ва бар мабнои он, бихоҳад биное фикрӣ дуруст […]