Метка: ҳикмат

Чанд ҳикмат аз Алӣ

(1) أفضل الزّهد إخفاء الزّهد “Бартарин зуҳд пинҳон доштани зуҳд аст.” (2) كن سمحا ولا تكن مبذّرا، وكن مقدّرا ولا تكن مُقَتِّراً “Бахшанда бош, аммо зиёдаравӣ ва исроф макун! Дар зиндагӣ ҳисобгар бош, аммо сахтгир мабош!” (3) أشرف الغِنَى ترك المُنَى “Беҳтарин бениёзӣ тарки орзуҳост.” (4) مَن أسْرَعَ […]

10 ҳикмат аз Алӣ

(1) ربّ مفتون بحسن القول فيه “Чи басо касоне, ки бо ситоиши дигарон фиреб хӯрданд.” (2) العلم وراثة كريمة، والآداب حلل مجدّدة، والفكر مرآة صافية “Дониш миросе гаронбаҳо, ва одоб зеварҳои ҳамеша тоза, ва андеша ойинае шаффоф аст.” (3) إذا أقبلت الدّنيا على أحد أعارته محاسن غيره وإذا […]

Ду ҳикмат ва ду дарс

Тӯҳмат Фарде аз дӯсташ бобати тӯҳмате, ки ба ӯ зада буд, ҳалолият талабид. Дӯсташ гуфт: ба як шарт қабул мекунам, ки як болиши парро канори ҷодда рӯи даст бигирӣ ва ҳангоме, ки бод мевазад, онро бо ханҷар пора кунӣ ва дар маърази бод биистӣ, то бод тамоми парҳоро […]

Чанд панд аз чанд ҳаким

* Бишр ибни Ҳорис гӯяд: ду сифат мардумро ҳалок карда: ғайбат ва худписандӣ. * Афлотун гӯяд: нодон душмани хеш аст, чӣ гуна дӯсти дигарон мешавад? Он ки ҳимматаш шикам аст, қиматаш фаровардаи он аст. * Аз Дюжан (Diogenes), файласуф ва ҳакими юнонӣ пурсиданд: кадомин сифат саранҷомаш беҳтар аст? […]

Пандҳои ҳакимон

* Ҳакиме гӯяд: оқил бояд ду ойина дошта бошад: дар яке, бадиҳои хеш бинад, то худро ҳақир бибинад ва битавонад айбҳояшро ислоҳ кунад. Ва дар ойинаи дигар, хубиҳои дигарон бинад, то он чӣ битавонад, ба чанг оварад ва худро бад-онҳо биёрояд. * Ду чиз аст, ки то ҳаст, […]

Аз пандҳои ҳакимон

* Ҳар кӣ айби хеш ҷӯяд, руҳаш пок шавад. * Тамаъ озодро банда мекунад ва қаноат бардаро озод. * Забон ҳаҷмаш кучак ва гуноҳаш бузург аст. * Дӯсти ту касе аст, ки ба ту рост гӯяд, на тасдиқат кунад. * Дар хайр исроф нест, чунон ки дар исроф […]

Чанд ҳикмат аз Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р)

1. «Илми бе амал девонагӣ аст ва амали бе илм шуданӣ нест. Илме, ки туро аз гуноҳон бознадорад ва ба итоати маъбуд водор накунад, фардои қиёмат туро аз оташи дӯзах бознахоҳад дошт. Агар имрӯз ба донишат амал накунӣ ва дар садади ҷуброни рӯзҳои гузашта барнаёӣ, рӯзи қиёмат аз […]

Ҳикматҳое аз ҳакимон

* Аз гуфтори беҳуда бипарҳез, ки айби наҳуфтаро ошкор ва душмани хуфтаро бедор мекунад. * Гуфтори ҳар кас муаррифи ақлу фазилати ӯст. * Мардро ба гуфтор шиносанд ва ба амал тавсиф кунанд. * Ҳар кӣ дӯстонро таҳқир кунад, танҳо монад. * Ҳар кӣ ҳамсоягонро хор кунад, иззат наёбад. […]

Садои табли холии таърих

(Чанд ҳикмат аз забони муаррих Луқмон Бойматов) Инсон будан шараф аст Бисёр меандешем, вале бар сари андешаҳои хеш намеандешем. Ҳам акнун аҷаб рӯзгоре сохтаем. — Беадабе, ки одоби сухан гуфтан ва муоишратро бо хокиён намедонад, орзуи тасарруфи саморо дорад. — Бешарафе, ки пиндору кирдори неки гузаштагонашро ночизу беарзиш […]

Ҳикмат, фалсафа ва илм

Ба қалами дуктур Ғуломризо Аъвонӣ, устоди фалсафа ва узви ҳайъати илмии Фарҳангистони улуми Эрон Барои баҳс дар хусуси “ҷойгоҳи ҳикмат дар Эрони имрӯз” бояд нахуст мушаххас кард, ки ҳикмат ба чӣ маъност? Дар чӣ нисбате бо фалсафа ва улуми дигар қарор мегирад? Ва аз чӣ замоне дар Эрон […]

Шонздаҳ сифати мӯъмин

Имом Алӣ (алайҳис салом) дар сифати мӯъмин гӯяд: الْمُؤْمِنُ بِشْرُهُ فِی وَجْهِهِ وَحُزْنُهُ فِی قَلْبِهِ أَوْسَعُ شَیْ‏ءٍ صَدْراً وَأَذَلُّ شَیْ‏ءٍ نَفْساً یَکْرَهُ الرِّفْعَهَ وَیَشْنَأُ السُّمْعَهَ طَوِیلٌ غَمُّهُ بَعِیدٌ هَمُّهُ کَثِیرٌ صَمْتُهُ مَشْغُولٌ وَقْتُهُ شَکُورٌ صَبُورٌ مَغْمُورٌ بِفِکْرَتِهِ ضَنِینٌ بِخَلَّتِهِ سَهْلُ الْخَلِیقَهِ لَیِّنُ الْعَرِیکَهِ نَفْسُهُ أَصْلَبُ مِنَ الصَّلْدِ وَهُوَ […]