Tag: ҳоким

Вақте аз Паёмбар (с) ҳам, паёмбартар мешаванд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Авомми мусалмонон ҳамеша ва дар тӯли таърих, “косаҳое” будаанд “доғтар аз ош”. Гоҳе, аз “Худо” ҳам худотар ва аз Паёмбар (с) низ паёмбартар мегарданд, то чӣ расад ба уламо, ки таъассубу ҷаҳолат ва бехабарии авомм, сабаб мегардид на танҳо ба тавҳину таҳқири уламо басанда накунанд, ки […]

Оё сари қудрат расидани як ҳокими ситамгар, ба хости Худост?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дирӯз, видеои гуфтугӯи Домулло Муҳаммадиқбол Садриддин бо як ҳаводори ҳукумати феълии Тоҷикистонро тамошо кардам. Бароям бисёр ҷолиб буд. Тараф ба такрор ин суолро барои Домулло матраҳ мекард, ки оё ба назари шумо, сари қудрат расидани як ҳоким, дар ҳар кишваре, ба хости Худо ҳаст ё нест? […]

Дар ин рӯзҳои сахт қадре гӯш ба Саъдӣ супорем

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ Гарат ақлу рой асту тадбиру ҳуш, Ба иззат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш. Панду андарзҳои Саъдӣ пас аз чандин қарн ҳанӯз тоза ва коромад ҳастанд. Бисёре аз онҳоро гӯӣ Саъдӣ барои ин замона навишта. Дар ин рӯзҳои сахти куруноӣ, Шайхи Аҷалл, […]

8 насиҳати Имом Ғаззолӣ ба ҳокимон

Имом Ғаззолӣ дар “Кимиёи саодат” гӯяд: “Волӣ ва амире, ки тақво ва вараъ (парҳезгорӣ)-ро пешаи худ сохта, барои иҷрои ҳаққу адолат бояд ба усули зерин таваҷҷӯҳ кунад: 1) Дар ҳар воқеа ва пешомаде чунин ангорад, ки ӯ раият ва дигаре волӣ аст. Ҳар чи худро написандад, ҳеч мусалмонро […]

Ҳоким ва фармонраво дар каломи Имом Алӣ

إذا فَسَدَ الزَّمانُ سادَ اللِّئامُ “Ҳар гоҳ рӯзгорон фосид шавад, фурӯмоягон ҳоким мешаванд.” آفةُ المُلوكِ سُوءُ السِّيرَةِ، آفةُ الوُزَراءِ خُبثُ السَّريرَةِ  “Офати ҳокимон бадрафторӣ, ва офати вазирон бадсиголӣ аст.” حَقٌّ علَى المَلِكِ أن يَسوسَ نفسَهُ قَبلَ جُندِهِ “Бар ҳоким воҷиб аст, ки пеш аз сипоҳиёнаш, ба сиёсат ва […]

Чанд ҳушдор ба ҳокимон

(Ҳушдорҳои Алӣ (а) ба ҳокимон) Ҳушдор аз рехтани хуни ноҳақ Аз хунрезӣ бипарҳез ва аз хуни ноҳақ дурӣ кун, ки ҳеҷ чиз ҳамонанди хуни ноҳақ азоби илоҳиро наздик ва муҷозотро бузург намекунад ва нобудии неъматҳоро суръат намебахшад ва заволи ҳукуматро наздик намегардонад. Ва рӯзи қиёмат Худои Субҳон қабл […]

Тавсия ба ҳоким ва фармонраво

(Бахше аз тавсияҳои Имом Алӣ (а) ба яке аз фармонравоёни худ) “Маҳбубтарини корҳо дар назди ту, бояд миёнаравӣ дар ҳақ ва густариши адолат ва амал ба он чӣ ки беш аз ҳар чиз ризояти мардумро фароҳам меоварад бошад… Ҳеҷ як аз афроди миллат монанди табақаи сарватманд ва хавос […]