Метка: Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофиз ва маю шароб

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Ҳофиз Сайидюнуси Истаравшанӣ 20 меҳр (мусодиф бо 12 октябр) Рӯзи бузургдошти Ҳофиз унвон шудааст. Мавзӯе, ки имшаб барои ин муносибат интихоб кардам ва мехоҳам андаке ба тафсил дар бораи он бинависам, мавзӯи Ҳофиз ва достони маю шароб дар ашъори ӯ – ва куллан дар […]

Ҳофизхонии Ардуғон (видео)

Раисиҷумҳури Туркия дар нишасте муштарак бо ҳамтои эронии худ, байте аз Ҳофизро ба забони форсӣ хонд. Дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон охири ҳафтаи гузашта сафари дурӯза ба Туркия дошт, то зимни дидор бо ҳамтои туркияии худ, дар панҷумин нишасти Кумитаи роҳбурдии Эрону Туркия ширкат кунад. Дар ин дидор, […]

Баҳраи ашъори Ҳофиз аз Қуръон ва аҳодис

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ Мазан зӣ чуну чаро дам, ки бандаи муқбил,  Қабул кард ба ҷон ҳар сухан, ки ҷонон гуфт. Талмеҳ аст ба ояти: قُل لاَّ أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلاَ ضَرًّا إِلاَّ مَا شَاء اللّهُ “Бигӯ: ман молики суду зиён барои худ нестам, магар он чиро, […]

Нигоҳе ба шакл ва мазмуни ашъори Ҳофиз

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ Зиндагинома Шамсуддин Муҳаммад мулаққаб ба Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва машҳур ба “Лисонул-ғайб”, аз тобноктарин ситораҳои осмони адаб ва машҳуртарин шуарои торихи Эронзамин аст. Номи падарашро Баҳоуддин донистаанд. (1) Ҳофиз дар авоили қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ (дар ҳудуди соли 727 ҳиҷрӣ) дар Шероз ба дунё […]

Ирфони Ҳофиз (14, қисмати поёнӣ)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати поёнӣ) Ғурбати инсон дар ҷаҳон Ба дунболи ин масъала дар бораи инсон, як масъалаи дигар дар миёни урафо матраҳ аст, ки тобеъи ин масъала аст, ва он масъалае аст, ки ба номи “ғурбати инсон дар ҷаҳон” тарҳ мешавад. Мебинед, дар адабиёти ирфонӣ инсон […]

Ирфони Ҳофиз (13)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 13) Инсон дар ирфон Масъалаи дигар масъалаи инсон аст, ки қаблан арз кардем. Дар Ҳофиз роҷеъ ба “биниши ирфонӣ дар бораи инсон” зиёд сухан омада ва хеле олӣ. Боз назари ориф дар бораи инсон, бо назари файласуф хеле мутафовит аст. Инсон дар ирфон […]

Ирфони Ҳофиз (12)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 12) Низоми аҳсан Яке аз мабоҳисе, ки дар ҷаҳонбинии ирфонӣ матраҳ аст ва қаблан ишора кардем, масъалае аст, ки фалосифа онро ба унвони масъалаи “низоми аҳсан” унвон мекунанд. Масъалае аст дар фалсафа ва барои файласуфон, ки оё низоми мавҷуд (дар ҳастӣ) низоми аҳсан […]

Ирфони Ҳофиз (11)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 11) Таҷаллӣ Матлаби дуввум, масъалаи таҷаллии воҳид аст. Дар масъалаи хилқат (ҳоло мо мактаби илоҳиюнро дорем мегӯем), аз назари мутакаллимон, Худо фоъили ашёст ва ба адади ашё ҳам фоъилияти Худованд касрат дорад: Худо ин шайъро халқ карда, он шайъро халқ карда… як дафъа […]

Ирфони Ҳофиз (10)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 10) Ваҳдати вуҷуд Аввал меойем суроғи масъалаи “ваҳдати вуҷуд”, ки гуфтем, меҳвари ҷаҳонбинии ирфонӣ аст. Аслан, ваҳдати вуҷуд чист? Як тавзеҳи мухтасар бояд арз кунам. Ваҳдати вуҷуд аз он андешаҳоест, ки камтар касе ба умқи он пай бурда ва пай мебарад. (Инро бояд […]

Ирфони Ҳофиз (9)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 9) Он чӣ дар ҷаласоти пеш баҳс кардем, дар воқеъ ҷанбаи муқаддимӣ дошт барои он чӣ ки аз ин ба баъд мехоҳем баҳс кунем… Ва арз кардем, аз вақте ки Ҳофиз аз дасти ҳамтипҳои худаш (урафо) хориҷ шуда ва ба дасти удабо ва […]

Ирфони Ҳофиз (8)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 8) Идеулужии Ҳофиз тибқи он назария: а) Дам ғанимат шумурдан: Яке аз натиҷагириҳо он чизест, ки Ҳофиз ба сурати “дам” баён мекунад, камо ин ки ин масъалаи “дам” дар шеъри Хайём ҳам зиёд аст, ки дамро — яъне замони ҳолро — ғанимат бишумор, […]