Метка: Ҳофиз

Нусхаи тозакашфшудаи Девони Ҳофиз – тасовир

Сарнавишти нусхае камназир аз Девони Ҳофиз, ки ахиран кашф шуда ҷолибу хонданӣ аст; нусхае, ки пас аз солҳо пайгирии пулиси Олмон, дар опортумоне дар Омстердоми Ҳуланд кашф шудааст. Як корогоҳи ҳуландӣ бо номи Ортур Бренд (Arthur Brand), моҳи гузашта нусхае аз Девони Ҳофизро, ки гуфта мешавад арзише як […]

Ҳофиз ва маю шароб

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Ҳофиз Сайидюнуси Истаравшанӣ 20 меҳр (мусодиф бо 12 октябр) Рӯзи бузургдошти Ҳофиз унвон шудааст. Мавзӯе, ки имшаб барои ин муносибат интихоб кардам ва мехоҳам андаке ба тафсил дар бораи он бинависам, мавзӯи Ҳофиз ва достони маю шароб дар ашъори ӯ – ва куллан дар […]

Баҳраи ашъори Ҳофиз аз Қуръон ва аҳодис

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ Мазан зӣ чуну чаро дам, ки бандаи муқбил,  Қабул кард ба ҷон ҳар сухан, ки ҷонон гуфт. Талмеҳ аст ба ояти: قُل لاَّ أَمْلِكُ لِنَفْسِي نَفْعًا وَلاَ ضَرًّا إِلاَّ مَا شَاء اللّهُ “Бигӯ: ман молики суду зиён барои худ нестам, магар он чиро, […]

Намунае аз тафсири моддигароёна аз андешаи Ҳофиз

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ Гуфторе аз Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ Яке аз шоирони ба истилоҳ навпардоз, девони Лисонулғайб Хоҷа Шамсуддин Ҳофизи Шерозиро бо як силсила истилоҳот, ки достони “Шадурустно” (1)-ро ба ёд меоварад ба чоп расонида ва муқаддимае бар он навиштааст. Муқаддимаи хешро инчунин оғоз мекунад: “Ба ростӣ, […]

Нигоҳе ба шакл ва мазмуни ашъори Ҳофиз

Ба баҳонаи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ Зиндагинома Шамсуддин Муҳаммад мулаққаб ба Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва машҳур ба “Лисонул-ғайб”, аз тобноктарин ситораҳои осмони адаб ва машҳуртарин шуарои торихи Эронзамин аст. Номи падарашро Баҳоуддин донистаанд. (1) Ҳофиз дар авоили қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ (дар ҳудуди соли 727 ҳиҷрӣ) дар Шероз ба дунё […]

Сериёли 90-қисматии Саъдӣ, Ҳофиз ва Хоҷуи Кирмонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд

Алӣ Доробӣ, муовини раиси Садо ва симои Эрон, дар маросими оғози сохти сериёли мафохири Эрон дар Шероз гуфт: “Умедворам, коре фохир ва арзишманд дар қолаби маҷмӯаи сериёли Саъдӣ, Ҳофиз ва Хоҷуи Кирмонӣ ба ҷаҳониён ироа диҳем, то ҳамаи ҷаҳон ба эҳтироми Эрон биистад ва кулоҳ аз сар бардорад.” […]

Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад

Ба баҳонаи вилодати босаодати Паёмбари Аъзам (с) Гуфтугӯ бо Иброҳимии Динонӣ, устоди фалсафаи исломӣ дар бораи яке аз ғазалҳои Ҳофиз Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад,  Туро дар ин сухан инкори кори мо нарасад.  Агарчи ҳуснфурӯшон ба ҷилва омадаанд,  Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри […]

Ирфони Ҳофиз (14, қисмати поёнӣ)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати поёнӣ) Ғурбати инсон дар ҷаҳон Ба дунболи ин масъала дар бораи инсон, як масъалаи дигар дар миёни урафо матраҳ аст, ки тобеъи ин масъала аст, ва он масъалае аст, ки ба номи “ғурбати инсон дар ҷаҳон” тарҳ мешавад. Мебинед, дар адабиёти ирфонӣ инсон […]

Ирфони Ҳофиз (13)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 13) Инсон дар ирфон Масъалаи дигар масъалаи инсон аст, ки қаблан арз кардем. Дар Ҳофиз роҷеъ ба “биниши ирфонӣ дар бораи инсон” зиёд сухан омада ва хеле олӣ. Боз назари ориф дар бораи инсон, бо назари файласуф хеле мутафовит аст. Инсон дар ирфон […]

Ирфони Ҳофиз (12)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 12) Низоми аҳсан Яке аз мабоҳисе, ки дар ҷаҳонбинии ирфонӣ матраҳ аст ва қаблан ишора кардем, масъалае аст, ки фалосифа онро ба унвони масъалаи “низоми аҳсан” унвон мекунанд. Масъалае аст дар фалсафа ва барои файласуфон, ки оё низоми мавҷуд (дар ҳастӣ) низоми аҳсан […]

Ирфони Ҳофиз (11)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 11) Таҷаллӣ Матлаби дуввум, масъалаи таҷаллии воҳид аст. Дар масъалаи хилқат (ҳоло мо мактаби илоҳиюнро дорем мегӯем), аз назари мутакаллимон, Худо фоъили ашёст ва ба адади ашё ҳам фоъилияти Худованд касрат дорад: Худо ин шайъро халқ карда, он шайъро халқ карда… як дафъа […]