Метка: Ҳоҷӣ Ҳалим

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (5)

Бахши панҷум (поёнӣ) Моҷарои женерол Абдуҳалим Назарзода дар сентябри соли 2015-ро метавон яке аз калидитарин таҳаввулоти таъсиргузор бар равандҳо ва рӯйкардҳои сиёсии дохилӣ ва ҳатто мавозеъи байналмилалии Тоҷикистон дар назар гирифт. Пас аз ин воқеа бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва аҳзоб ва гурӯҳҳои дохилии Тоҷикистон ё дастгир шуда […]

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (4)

Бахши чаҳорум Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси ҲНИТ, дар идомаи гуфтугӯи худ дар бораи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳодисаи сентябри 2015, бо ишора ба Протоколи 20-32, тасреҳ кард: “Аслан Протоколи 20-32 нақшаи роҳе барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ алайҳи ҲНИТ ва дигарандешони кишвар ба ҳисоб меояд, […]

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (3)

Бахши севвум Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси ҲНИТ, дар як гуфтугӯ, бо ишора ба моҷарои сентябри 2015 ва шаҳодати женерол Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, бо баёни ин, ки касоне, ки равандҳои сиёсии Тоҷикистонро пас аз соли 2010 таҳлил ва пайгирӣ мекунанд, хуб медонанд, ки баста […]

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (2)

Бахши дуввум Ҷанбаҳои шахсиятӣ, саргузашт ва ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии женерол Абдуҳалим Назарзода яке аз мавзӯъҳое аст, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон ба сурати яктарафа ва мубҳам матраҳ шудааст. Дар гуфтугӯ бо яке аз дӯстони қадимии вай, ба бозхонии ин маворид пардохтаем. Моҷароҳои марбут ба женерол Абдуҳалим Назарзода […]

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (1)

Бахши аввал Женерол Абдуҳалим Назарзода маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалимро метавон яке аз машҳуртарин чеҳраҳои таҳаввулоти сиёсии солҳои ахир дар Тоҷикистон дар назар гирифт. Қазияҳои марбут ба вай ва нерӯҳои таҳти амраш дар сентябри соли 2015, ки аз сӯи давлати Тоҷикистон ”кудето” ва “иқдоми теруристӣ” номида шудааст, сарманшаи таҳаввулоти […]

Бахтиёр Назарзода ба 22 соли зиндон маҳкум шуд

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, додгоҳи шаҳри Душанбе фарзанди бузурги Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистонро барои 22 сол равонаи зиндон кард. Бар пояи ин гузориш, Бахтиёр Назаров (Назарзода), фарзанди 28-солаи генерал Назарзода ба «даъвати оммавӣ ба хотири тағийири сохти конститутсионӣ», «даъват барои бетартибиҳои […]

Ҳамсар товони «ҷурми» шавҳарашро пасмедиҳад

Ба гузориши сойти Payom, Дилбар Гургова, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ба далели он ки фарзандонаш дар дарс ширкат накардаанд, ӯро зиндон ё ҷаримаи калон таҳдид мекунад. Бар пояи ин гузориш, додситони ноҳияи Шоҳмансур нисбат ба Дилбар Гургова дар асоси «Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» парванда […]

«Ошӯби Назарзода» кори дасти чӣ касе буд?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Бархӯрди ҳукумат бо ҲНИТ пас аз масъалаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳадде шитобзадаву ношиёна ва ғайриҳирфаӣ буд, ки шакку тардиди ҳар таҳлилгареро ба яқин бадал мекунад, ки исёни Ҳоҷӣ Ҳалим доме беш набуд, ки ҳукумат бо густардани он, хост танҳо ҳизби мухолифи худро шикор кунад. Аксулъамалҳои […]

Вокуниши Кабирӣ ва писараш ба иттиҳомҳои ахири мақомот алайҳи онҳо

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва писараш Руҳуллоҳ Кабирӣ, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори пойгоҳи хабарии Tajinfo, иттиҳомҳои ахири мақомот алайҳи онҳоро қотеъона рад карданд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин гуфтугӯ, бо ташбеҳ кардани рафтори мақомот ба рафтори Заҳҳоки ситамгар, гуфт: «Заҳҳок ва морҳои ӯро, ки […]

Оё ҲНИТ метавонад беасос будани ин иттиҳоми бузургро собит кунад?

Иттиҳоми ахири Додситонии кулли Тоҷикистон ба раиси Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки гӯӣ аз панҷ сол пеш гурӯҳҳои мусаллаҳеро ташкил ва онҳоро сармоягузорӣ ва женерол Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ, ба дастури ӯ кор мекардааст, бо ин ки дурӯғе беш нест ва ҳеч кас, чӣ дар […]