Метка: Ҳусиҳо

Таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ бомбборон шуд (видео)

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, субҳи имрӯз (14 сентябр) Ҳусиҳои Яман ду полоишгоҳи муҳимми нафтии Арабистони Саудиро дар шарқи ин кишвар бо 10 паҳпод (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) ҳадаф қарор доданд, ки дар асари он, дар ин ду полоишгоҳ оташсӯзӣ рух дод ва содироти нафтии ин кишварро бо ихтилол рӯ […]

Арабистон ва Аморот: ҳампаймонони дирӯз, душманони имрӯз дар Яман

Арабистони Саудӣ бо ҳамроҳии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Судон, Миср ва Кувайт, дар 26-уми марти соли 2015, бо ташкили ба истилоҳ “Эътилофи арабӣ”, таҷовузи худ ба кишвари Яманро оғоз кард, аммо зарфи 5 соли гузашта, ба истиснои Аморот соири ҳампаймонони Арабистони Саудӣ аз ин эътилоф хориҷ шуданд ва […]

Вақте яманиҳо паҳподи пешрафтаи Омрикоро сарнагун мекунанд

Сарнагунии ҳавопаймои пешрафтаи бидуни сарнишини омрикоӣ тавассути Ҳусиҳои Яман, руъбу ваҳшатро дар миёни омрикоиҳо ва ҳамчунин эътилофи саудӣ-аморотӣ эҷод кардааст; чаро ки ин амал, паёми бисёр пураҳаммият барои онҳост бо ин мазмун, ки Яман дигар Ямани пешина нест ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ дигар наметавонанд дар он озодона амал кунанд. […]

Поёни иттиҳоди Амороти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ дар Яман

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм Аҳмад Алмайсирӣ, вазири кишвари давлати Яман, шуҷоътару ҷасуртар аз бақия буд замоне, ки ба шикасти нерӯҳои ба истилоҳ “давлати қонунӣ” дар баробари ҳамлаи нерӯҳои вобаста ба Шӯрои миллии интиқолии ҷануби Яман бо ҳимояти 400 зиреҳпӯши аморотӣ эътироф кард. Ин ҳамла боис шуд, […]

Ҷанги Яман ба поёни худ наздик мешавад

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм Вақте дуктур Абдулхолиқ Абдуллоҳ, мушовири собиқи Муҳаммад бен Зоид, валиаҳди Абӯзабӣ, мегӯяд: “Ҷанги Яман барои Аморот тамом шудааст ва фақат ин мемонад, ки расман мутаваққиф шавад”, ин яъне эъломи хуруҷи низомиёни Аморот аз Яман. Ва ин иқдом иқдоме “истротежикӣ” аст ва на […]

10 далели ақибнишинии Аморот аз Яман

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири нашрияи Раъюл-явм Ахбори мухталифе дар чанд рӯзи гузашта дар бораи ақибнишинии тадриҷии нерӯҳои Аморот аз Яман мунташир мешавад. Абӯзабӣ баъд аз хасоратҳои зиёди моддӣ, инсонӣ ва сиёсӣ ва интиқоли ҷанг ба умқи хоки Арабистон ва Аморот ва мухолифати дохилӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, дигар […]

Оё ҷанги Яман ба поёни роҳ наздик шудааст?

Шабакаи Алҷазира гузориш дод, Вазорати хориҷаи Ангилис аз омодагии Арабистон барои талош ба манзури поён додан ба ҷанги Яман хабар дода; ин дар ҳолест, ки ба рағми ин хушбинӣ, даргирӣ дар шаҳри бандарии Алҳадида байни Ҳусиҳо ва Арабистону Аморот идома дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба хушбинии Вазири хориҷаи Ангилис […]

“Бо хун омадаам ва бо хун хоҳам рафт”

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм Раис Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки Худояш биёмурзад, дар моҳи майи соли 2000 дар ҳоле, ки мошинашро ронандагӣ мекард ва ман дар канораш нишаста будам, бо ишора ба ҳанҷараи худ, ба ман гуфт, ки вай қудратро бо зӯру хун гирифтааст ва онро раҳо […]

Эрон ва Арабистон бояд дар бораи Яман гуфтугӯ кунанд

  Мақолае дар пойгоҳи LobeLog Хабарҳое, ки аз Яман ба гӯш мерасад, ҳамчунон нигаронкунанда аст. Аъзои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс, ки дар эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳузур доранд, ҳафта ба ҳафта шоҳиди бозгашти ҷасадҳои нерӯҳои худ аз ҷанги Яман ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки аҳдофи онон […]

Моҳи Рамазон дар Яман (тасовир)

Ҷумҳурии Яман кишваре дар ҷануби ғарби осиё ва дар ҷануби шибҳиҷазираи Арабистон аст. Ҷамъияти ин кишвар ҳудуди 23 милюну 800 ҳазор нафар ва забони расмии он арабӣ ва воҳиди пули он риёли яманӣ аст. Яман 527,968 километри мураббаъ густардагӣ дорад ва дорои ду соҳили муҳим аст; соҳили ғарбӣ […]

Оғози оташбас дар Яман

Оташбас дар Яман аз бомдоди рӯзи душанбе ба марҳилаи иҷро даромад. Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, ин оташбас, ки ба пешниҳоди Арабистони Саудӣ ва ибтикори Созмони Милали Муттаҳид буд, мавриди мувофиқати тарафҳои даргир дар ин ҷанг қарор гирифт ва аз бомдоди рӯзи душанбе ба иҷро даромад. Ба гузориши хабаргузории […]