Метка: Ҳусиҳо

Арабистон ба дунболи хуруҷи обрӯмандона аз ботлоқи Яман

Як сол пеш дар чунин рӯзе (26-уми марти 2015) Арабистони Саудӣ дар қолиби эътилофе, ки иддаъо мекард, ки кишварҳои арабӣ дар он узв ҳастанд, ҳамлаи густардаи ҳавоӣ ба Яманро оғоз кард ва ҳамзамон ин кишварро дар муҳосираи дарёӣ, ҳавоӣ ва заминӣ қарор дод. Баҳонаи Арабистон барои ин ҳамлаи […]

Мардуми Яман пешниҳоди Арабистони Саудӣ барои музокираро рад карданд

Дар ҳоле ки фиристодаи вижаи СММ дар умури Яман эълом кард, ки тарафайни даргир дар ин кишвар бар сари оғози музокирот дар 18 апрел дар Кувайт ба тавофуқ расидаанд, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури собиқи Яман, бо радди ҳар гуна тавофуқ бар сари оғози музокирот бо мутаҷовизон, гуфт: «Абдураббуҳ […]

Ансоруллоҳ ва Арабистони Саудӣ ба тавофуқ расиданд

Фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Яман, бо ишора ба ҳусули тавофуқ миёни тарафҳои даргир дар Яман таъкид кард, ки ин тарафҳо қарор аст музокироти худро дар Кувайт идома диҳанд. Исмоил Валад аш-Шайх, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Яман эълом кард: «Тарафҳои даргир дар Яман ба тавофуқе […]

Пешнависи оташбас дар Яман миёни Арабистон ва Ансоруллоҳ

Исмоил Валад аш-Шайх, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Яман, пешнависи оташбас бо Арабистонро барои баррасӣ ба намояндагони Ҷунбиши Ансоруллоҳ ва Ҳизби кунграи мардумии Яман ба раҳбарии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар таҳвил дод. Ба гузориши рӯзномаи Ассиёса (чопи Кувайт), ин пешнавис пас аз баррасӣ тавассути […]

Оё ҳамлаи заминӣ ба Яман сарнавишти ҷангро таъйин хоҳад кард?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Раъюл-явм Аз масоили аҷиб ва ё ба иборати беҳтар, ғайри маъмул ин ки дар бештари сафарҳоям бо ҳавопаймоҳои арабӣ, баъзе аз халабонон ба манзури ибрози муҳаббат ва ё ризоят аз бархе мусоҳибаҳои телевизиюниам — ба вижа мусоҳибаҳое, ки дар давраи тиллоии шабакаи […]

Ду гузинаи Арабистон дар ҷанг алайҳи миллати Яман

Амалиёти ҳавоии Арабистон алайҳи Яман, ки аз аввалҳои баҳор оғоз шуд ва то кунун ба шаҳодат ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо ҳазор яманӣ мунҷар гардида, натавонистааст гиреҳи Яманро барои Оли Сауд боз кунад; чаро ки ин амалиёти пурҳазина то кунун ҳеч чизе ба нафъи Арабистон ба вуҷуд наёвардааст. Бо […]

“Арабистон муздурӣ барои “Исроил”-ро ҳувияти арабӣ ва ҳар кӣ бо “Исроил” муқобила кунад, ӯро эронӣ тавсиф мекунад”

Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар суханоне, бо таъкид бар ин ки Эрон имрӯза масъулияти ҳимоят аз парвандаи Фаластинро бар ӯҳда гирифтааст, гуфт: “Аммо Арабистон мехоҳад, ки муздурӣ барои “Исроил”-ро ҳувияти арабӣ ва ҳар кӣ бо “Исроил” муқобила мекунад, ӯро эронӣ тавсиф […]

Яман; 100 рӯз истодагӣ ва поймардӣ дар баробари таҷовузгарон

Яман дирӯз 100 рӯз таҷовуз, дудманишӣ, куштор, вайронгарӣ ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоиро дар баробари 100 рӯз истодагӣ ва муқовимат ва поймардӣ пушти сар гузошт. Ин дар ҳоле аст, ки режими мутаҷовизи саудӣ тайи ин муддат натавонист ба ҳеч як аз аҳдофе, ки дар оғози таҷовуз эълом […]

Партоби мушаки “Скад” аз Яман ба як пойгоҳи низомӣ дар Риёз

Як фарванд мушаки “Скад” аз Яман ба Арабистони Саудӣ партоб шуд. Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, хабаргузории расмии Яман аз партоби як фарванд мушаки русии “Скад” ба самти пойгоҳи мушакии Арабистони Саудӣ хабар дод. Ин мушак ба самти пойгоҳи мушакии Ассалил дар минтақаи водии Аддавосир дар минтақаи Риёзи Арабистони […]

Ҷанги сарди Арабистон алайҳи Эрон

Мақолае аз Флинт Леверетт (Flynt Leverett) ва Ҳилори Ман Леверетт (Hillary Mann Leverett) дар пойгоҳи таҳлилии Anti War Ҷанги Арабистон алайҳи Яман ва хасоратҳои рӯзафзуни он, бори дигар иддаъоҳои такрорӣ дар мавриди истифодаи Эрон аз “одамони” худаш барои барандозии давлатҳои “машрӯи” Ховари Миёнаро доман задааст. Мабнои ҳамаи ин […]

Арабистон: “Шимоли Яманро бо хок яксон хоҳем кард”

Асри дирӯз (08.05.2015) сухангӯи артиши Арабистон дар изҳороти аҷибу ғарибе, шимоли Яманро “минтақаи низомӣ” эълом кард ва гуфт: “Ин минтақаро бо хок яксон хоҳем кард. Мардуми ғайринизомӣ ҳар чӣ зудтар ин шаҳрро тарк кунанд.” Ҳамалоти Арабистон ба Яман дар ҳоле вориди 43-умин рӯзи худ мешавад, ки мақомоти низомии […]