Tag: ҷабри фалсафӣ

Фалсафа ва равиши реализм (118)

Зарурат ва имкон (20) Матни мақола: Агар чунончи инсон худро фитратан мухтор намедонист, ҳеч гоҳ бо фикру тараввӣ феълеро анҷом намедод ва ё тарк намекард ва ҳаргиз иҷтимоеро, ки дорои шуъуни мухталифаи амру наҳй ва подошу тарбияту соири тавобеъ аст барпо намекард, зеро ҳар чӣ шуданист шуданист, ва […]

Фалсафа ва равиши реализм (117)

Зарурат ва имкон (19) Ҷабру ихтиёр (6) Баҳсе бо моддигароён Моддигароён сад дар сад тарафдори ақидаи ҷабр ҳастанд ва ҳар гуна ихтиёр ва озодиро аз инсон дар муқобили авомили моддии муҳит ва ҷабри таърих мунтафӣ медонанд. Моддигароён кӯшиш мекунанд, ки инсонро сад дар сад маҳкуми табиат ва тобеъи […]

Фалсафа ва равиши реализм (116)

Зарурат ва имкон (18) Ҷабру ихтиёр (5) “Ҷабру ихтиёр” ва ахлоқ Масъалаи ҷабру ихтиёр аз назари тарбият ва ахлоқ, аз ҷанбаи хоссе мавриди мутолеа қарор мегирад, ва он ин ки: оё ахлоқ ва малакоти руҳии инсон қобили тағйиру табдил ҳаст ё нест? Тамоми системҳои ахлоқӣ, бо ҳамаи ихтилофоте, […]

Фалсафа ва равиши реализм (115)

Зарурат ва имкон (17) Ҷабру ихтиёр (4) Ҷабру тафвиз аз ҷанбаи каломӣ Мутакаллимон дар мабоҳиси илоҳиёт он ҷо, ки аз умум ва шумули иродаи зоти Борӣ нисбат ба ҳамаи ҳаводиси ҷаҳон сухан мегӯянд, ин мабҳасро пеш меоваранд, ки оё иродаи зоти Борӣ шомили ҷамиъи ҳаводис ва аз он […]

Фалсафа ва равиши реализм (114)

Зарурат ва имкон (16) Ҷабру ихтиёр (3) Аз маҷмӯи он чӣ то кунун гуфта шуд маълум шуд, ки аввалан, афъоли содира аз инсон — монанди ҳар мумкинулвуҷуди дигаре — дар зоти худ ба таврест, ки мумкин аст бишавад ва мумкин аст нашавад ва дар партави иллатҳо ва муқаддимоти […]

Фалсафа ва равиши реализм (113)

Зарурат ва имкон (15) Ҷабру ихтиёр (2) Мо бояд дар инҷо ба ду қисмат бипардозем: яке ин ки нафйи зарурати иллӣ ва маълулӣ мулозим бо озодӣ ва ихтиёр нест, балки мунофӣ бо он аст. Ва дигар ин ки зарурати иллӣ ва маълулии афъоли инсон мунофӣ бо ихтиёр нест, […]

Фалсафа ва равиши реализм (112)

Зарурат ва имкон (14) Ҷабру ихтиёр (1) Гуфтугӯ аз “вуҷуб ва зарурати низоми мавҷудот” хоҳ нохоҳ мунҷар ба баҳс аз масъалаи хоссе мешавад, ки ҳамвора аз ҷанбаҳои мухталифе мавриди таваҷҷӯҳи уламо ва фалосифа буда ва дар тамоми давраҳо ва асрҳо бо аҳаммияти хоссе талаққӣ шудааст, ва он масъалаи […]

Фалсафа ва равиши реализм (111)

Зарурат ва имкон (13) Матни мақола: Ишкол Ин сухан бо фарзияи физикии Нютон, ки мегӯяд: “Ҳар ҷисме ҳамеша бар ҳолати сукун ё ҳаракати якнавохти худ боқӣ мемонад магар ин ки қувваҳое, ки бар вай коргар меафтад маҷбураш созанд, ки ҳолати сукун ё ҳаракати худро тағйир диҳад”, ки аз […]

Фалсафа ва равиши реализм (110)

Зарурат ва имкон (12) Идомаи таълиқаи баҳси пешин Дар хотимаи ин матлаб (матлаби пешин) барои ин ки арзиши афкори моддигароёнро дар ин мавзӯъ равшан кунем, ба як матлаби дигар низ ишора мекунем. Ва он ин ки: фаразан мо бақои иллатро ба ҳамроҳи маълул шарт надонем, оё бақои иллат […]

Фалсафа ва равиши реализм (109)

Зарурат ва имкон (11) Матни мақола: Ишкол Баёни гузашта дуруст аст магар дар фоъил. Ва дар ҳақиқат хӯрдагирии мо низ дар атрофи ҳамин иллати фоъилӣ мебошад. Мо ҳаргиз намегӯем инсони бе модда боз инсон аст ё моддаи бе инсоният боз инсон аст, вале метавонем бигӯем, ки феъл пас […]

Фалсафа ва равиши реализм (108)

Зарурат ва имкон (10) Матни мақола: Ишкол Мумкин аст гуфта шавад, ки дар мисоли ҳаракати мошин, мо ҳақиқатан аз иллати вуҷуди ҳаракат тафтиш намекунем, балки аз иллати сукуни мошин кунҷковӣ менамоем. Равшантар бигӯем: на ин аст, ки мо эътиқод дошта бошем, ки иллати ҳаракат ба ҳамроҳи ҳаракат то […]