Метка: Ҷумҳурии Озарбойҷон

Илҳом Алиев барои севвумин бор пирӯзи интихоботи риёсати ҷумҳурии Озарбойҷон шуд

Илҳом Алиев бо касби ҳудуди 80 дарсади оро дар ҳоле пирӯзи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуд, ки аҳзоби опозисиюни ин кишвар мегӯянд, дар фароянди раъйгирӣ тахаллуф сурат гирифтааст. Ба гузориши Euronews, пирӯзии Алиев, ки бисёре аз аҳрумҳои қудрат ва расонаҳои Озарбойҷонро дар ихтиёр дорад, барои бисёре бадеҳӣ буд ва […]

Тазоҳуроти мухолифон дар дар Боку

Тазоҳуроти нерӯҳои мухолифи давлати Боку рӯзи шанбе дар майдони “Маҳсул”-и пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд. Дар ин тазоҳурот ҳаводорони эътилофи сиёсии нерӯҳои мухолифи давлат мавсум ба “Шӯрои миллӣ” бо меҳварияти ҳизби “Ҷабҳаи халқ”, ҳузур доштанд. Дар ин тазоҳурот фаъолиятҳои иқтисодии давлат ва низ вуҷуди фасоди иқтисодӣ дар кишвар, […]

Қатли кӯдаки 18-моҳаи озарбойҷонӣ тавассути нерӯҳои арманӣ

Нерӯҳои Арманистон тайи рӯзи гузашта бо шиллики хумпора ба рустои Олхонлӣ, боиси кушта шудани як кӯдаки 18-моҳа ва модарбузурги вай шуданд. Ба гузориши сойти Trend.az, Заҳро Қулиева, кӯдаки 18-моҳа ва модарбузурги вай Соҳиба Аллоҳвердиева, дар ин ҳамлаи ваҳшиёна ба афроди ғайринизомӣ кушта шуданд ва як зани дигар низ […]

“Инон барои худ сохтори хоссе доранд, ки ин муделро наметавон дар ҷойи дигаре дид”

Дуктур Баҳроми Амираҳмадиён, коршиноси ҳавзаи Осиёи Миёна ва Қафқоз мегӯяд: “Ҷумҳуриҳои бозмонда аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, барои худ сохтори хоссе доранд, ки ин муделро наметавон дар ҷойи дигаре дид. Навъе аз ҳукуматҳое, ки дар Осиёи Миёна ва Қафқоз шакл гирифтаанд, ки ба ҳар ҳол аз улгуи рафтории Шӯравии […]

Саркӯби мунтақидон бо барчасби исломгароӣ

Мақолае аз Дурно Сафарова дар LobeLog Мақомҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон талош мекунанд, то барои хомӯш кардани интиқодҳо аз бархӯрди қаҳромези давлат бо мунтақидон, мухолифони қонунӣ ва бунёдгароёни ифротиро бо ҳам дар як сатҳ қарор диҳанд. Додгоҳе, ки қарор аст ба зудӣ дар шаҳри Нордорон (атрофи Боку) баргузор шавад, ин […]

“Набояд мусалмонон рӯ дар рӯи ҳам қарор гиранд”

Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҳамаи шиъён ва аҳли тасаннун бародар ва узви хонаводаи ҷаҳони ислом ҳастанд, гуфт: “Мутаассифона имрӯз душманони ислом бо таслеҳи гурӯҳе одамкуш ва терурист таҳти номи ислом, шамшерро бар рухи ислом ва мусалмонон кашидаанд ва онҳоро рӯ дар рӯи якдигар қарор додаанд. […]

Эътирози шадиди Арманистон ба «Исроил»

Арманистон расман ба режими саҳюнистӣ ба далели мусаллаҳ кардани артиши Озарбойҷон ба паҳподҳо (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин) ва таслиҳоти пешрафта эътироз кард. Ба гузориши Newsarmenia, эътирози расмии Арманистон ба режими саҳюнистӣ пас аз он сурат гирифт, ки як паҳподи интиҳории сохти «Исроил» бар фарози як утубус дар минтақаи Қарабоғ […]

Чӣ касе қодир аст бӯҳрони Қарабоғро ҳаллу фасл кунад?

Таҳлиле аз Элдар Мамедов дар вебгоҳи LobeLog Он чӣ ки муддатҳои тӯлонӣ тарси вуқӯъи он вуҷуд дошт, 2 апрел иттифоқ уфтод. Чандин даргирӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ, ки минтақае бо аксарияти арманӣ ва ҷузъи хоки Озарбойҷон аст, иттифоқ уфтод. Он гуна ки иддаъо […]

Ҷанги Қарабоғ аз нигоҳи «Исроил»

Даргириҳо миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари Қарабоғи кӯҳистонӣ ахиран ташдид шудааст. Даргириҳои ахир аз 20-у анде сол пеш, яъне аз замони шурӯъи онҳо то кунун бесобиқа будааст. Ба гузориши сойти Arab48 (сойти арабҳои дохили «Исроил») ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии Haaretz, алорағми дурии ҷуғрофиёӣ байни минтақаи […]

Эҳтимоли суистифодаи ДОЪИШ аз ҷанги Қарабоғ

Як устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили минтақаӣ, бо ишора ба паёмадҳои бӯҳрони Қарабоғ гуфт: «Бозгашт ба даргирӣ ва таниш дар минтақаи Қафқоз бо таваҷҷӯҳ ба рушди ифротгароӣ ва родиколизм ва фаъолияти гурӯҳҳое ҳамчун ДОЪИШ дар минтақаи Ховари Миёна, метавонад заминаи фаъолият ва ҷазби нерӯ барои онҳоро фароҳамтар кунад; […]

Русия аз эҳтимоли дахолати нерӯи севвум дар муноқишаи Қарабоғ хабар дод

Сергей Железняк, муовини раиси Думаи Русия гуфт: «Ба эҳтимоли зиёд ҳаводиси Қарабоғ бар асари иқдоми таҳрикомез ба вуқӯъ пайваста ва дар пушти ин ҳаводис, нерӯи севвуме қарор дорад, ки омили аслии бурузи муноқиша аст.» Железняк, ки аз мақомҳои аршади ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» аст, имрӯз (03.03.2016) дар сафҳаи […]