Метка: Ӯзбакистон

Қазоқистон, Ӯзбакистон ва интихоботи риёсати ҷумҳурии Қирғизистон

Коршиноси сиёсии қирғиз гуфт: «Руасои ҷумҳури Ӯзбакистон ва Қазоқистон барои афзоиши ҳамкориҳои худ бо раисиҷумҳури ояндаи Қирғизистон, ба тартиб ҳар кадом аз як номзад ҳимоят мекунанд, ки ин мавзӯъ дар муддати ахир ба сароҳат дида мешавад.» Марс Сариев, коршиноси масоили сиёсии қирғиз дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс дар […]

Ӯзбакистон ва ваъдаҳои тозаи Мирзиёев; аз давлатмадорӣ ба шаҳрвандмадорӣ?

Гузориши Шаҳзода Самарқандӣ дар Radiozamaneh Дар рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта (20 сентябр), барои аввалин бор Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар Маҷмаъи Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард. Суханронии ӯ пур аз ваъдаҳои беҳбуд додани вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён ва андеша буд ва ҳамин тавр гузориш аз ислоҳоте, […]

Раиси Созмони амнияти миллии Ӯзбакистон равонаи бемористон шудааст

Бино бар гузориши чанд расонаи вобаста ба опозисиюни ӯзбак аз ҷумла Uzxalqharakati, Рустам Иноятов, раиси Созмони амнияти миллии Ӯзбакистон, ба иллати хунрезии мағзӣ бистарӣ шудааст. Бар асоси ин гузоришҳо, вай дучори хунрезии мағзӣ шуда ва ба ҳолати кумо (кома) рафтааст. Бино бар ин гузоришҳо, ду рӯз пеш дар […]

Тағйири нигоҳи Мирзиёв ба Ислом дар Ӯзбакистон

Таҳлиле дар сойти Easterniran Дар октябри 2016, раисиҷумҳури Ӯзбакистон тайи суханронии худ дар 43-умин нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Тошканд, аз тасмими Тошканд барои эҷоди маркази байналмилалии илмӣ-пажӯҳишии Имом Бухорӣ дар шаҳри Самарқанд ва курсии вежаи илмӣ ва фарҳангии исломӣ дар Донишгоҳи исломии Тошканд […]

Тармими равобити Эрон ва Ӯзбакистон

Гузориши Шаҳзода Самарқандӣ дар пойгоҳи Radiozamaneh Нишасти давраии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, ки 10-уми моҳи сентябр дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд, фурсате барои кишварҳои Эрон ва Ӯзбакистон эҷод кард, ки ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро, ки муддатҳост мутаваққиф шуда аз сар бигиранд. Онҳо аз ҳамкориҳои ҷадиди иқтисодӣ, […]

Руҳонӣ: “Ӯзбакистон тасмим ба хариди нафт аз Эрон намудааст”

Ба гузориши хабаргузории ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ пас аз бозгашт аз сафари Қазоқистон, дар ҷамъи хабарнигорон, бо ишора ба дидори худ бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, гуфт: “Мулоқот бо раисиҷумҳури ҷадиди Ӯзбакистон ҳоизи аҳаммият буд.” Вай афзуд: “Мо равобити хасмонае надоштем ва равобити самимона ва наздике ҳам бо ҳам […]

Мирзиёев: “Ӯзбакистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад”

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар дидор бо Ҳасани Руҳонӣ, ҳамтои эронии худ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Қазоқистон, бо таъкид бар ин ки “Ӯзбакистон аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳимоят мекунад”, аз ҳамтои эронии худ барои сафари расмӣ ба Ӯзбакистон даъват […]

Мирзиёев дар ҳоли эҳёи нақши “падарӣ”-и кишвараш бар ҳамсоягон аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон дар ҳоли анҷоми ислоҳоте ҷиддӣ дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвараш (ба хусус бо ҳамсоягонаш) аст. Ӯ бо сиёсате комилан мутафовит бо сиёсати салафи худ, яъне Ислом Каримов, по ба арса гузошта. Суол ин аст, ки далоили ин рӯйкарди мутафовит чист? Дар […]

Марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон бозгушоӣ шуд

Марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон бо ҳузури мақомоти аршади ду кишвар бозгушоӣ шуд. Истгоҳи бозрасии “Дӯстӣ” дар марзҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон байни устони Ӯши Қирғизистон ва устони Андиҷони Ӯзбакистон ба таври расмӣ бозгушоӣ шуд. Дар ин маросим ҳайъатҳои давлатии ду кишвар ҳузур доштанд. Дуйшенбек Зилалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон ва […]

Номи раҳбари мухолифони Ӯзбакистон аз феҳристи Интерпол ҳазф шуд

Номи Муҳаммад Солеҳ, раҳбари мухолифони ҳукумати Ӯзабистон ва номзади риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 1991 ва рақиби Ислом Каримов, аз листи афроди таҳти таъқиби Пулиси байналмилал (Интерпол) ҳазф шудааст. Ба гузориши ВВС ӯзбакӣ, Муҳаммад Солеҳ дар хусуси далели ин амр гуфтааст, номи вай ва низ бародараш, аз […]

Ӯзбакистон 16 ҳазор нафарро аз феҳристи ифротгароён хориҷ кард

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон гуфт, ин кишвар 16 ҳазор нафарро аз феҳристи амниятии ифротгароёни мазҳабӣ хориҷ кардааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ҳамвора Ӯзбакистонро ба саркӯби эътирозҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ муттаҳам кардаанд. Ба гузориши хабаргузории Reuters, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, рӯзи ҷумъа гуфт: “Дар маҷмӯъ 17 ҳазор нафар аз афроди […]