Метка: Ӯзбакистон

“Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ Мо, одамҳо, ба иттифоқоте, ки перомунамон рух медиҳад, ғолибан аз равзанаи бисёр танги моддӣ нигоҳ мекунем, ва таҳлилу баррасиҳоямон аз ҳаводис низ бар асоси ҳисобу китобҳои моддӣ устувор аст. Масалан, агар як ҳоким ва фармонравое ба зиллат ва хорӣ сарнагун шавад ва дар садади таҳлилу баррасии […]

Равобити Эрон-Тоҷикистон пас аз марги Каримов

Ёддоште дар хабаргузории Форс Тайи як даҳаи ахир ҳарчанд бо иттихози рӯйкарди “нигоҳ ба шарқ” ба унвони меҳвари сиёсати хориҷии Эрон дар давлати 9-ум ва 10-ум (давлати Аҳмадинажод), интизор мерафт, ки тавваҷӯҳ ба минтақаи Осиёи Миёна низ афзоиш ёфта ва пайвандҳо миёни Теҳрон ва ин минтақа таҳким ва […]

Равобити Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик беҳбуд нахоҳад ёфт

Як коршиноси сиёсии рус мӯътақид аст, бо ба сари ҳукумат омадани Мирзиёев муносибати Душанбе ва Тошканд, ки дар давоми соҳибихтиёрии кишварҳо суръат гирифтааст, ба зудӣ беҳтар нахоҳад шуд. Муносибатҳо шояд пас аз даҳ сол дигар шаванд. Ба гузориши Sputnik, Андрей Грозин, раиси бахши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони […]

Паёмадҳои дохилӣ ва хориҷии даргузашти Каримов

Билохира пас аз чанд рӯзи ахбори ҷаставу гурехта ва шойеъоти мухталиф, расонаҳои Ӯзбакистон ду рӯз пеш ба таври расмӣ таъйид карданд, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури ин кишвар даргузаштааст. Ҳамзамон бо эъломи ин хабар, бахши умдаи таваҷҷӯҳи маҳофили таҳлилии байналмилалӣ, ба паёмадҳои фавти Каримов дар арсаи сиёсатҳои дохилӣ ва […]

Чӣ касоне дар саффи ҷонишинони раисиҷумҳури Ӯзбакистон ҳастанд?

Гузорише аз NEIL MacFARQUHARAUG дар New York Times Ислом Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, ки беш аз 25 сол аст бар ин кишвари мунзавии Осиёи Миёна ҳукмронӣ мекунад ва ба равишҳои Шӯравӣ аз ҷумла кори иҷбории бардошти панба мутавассил мешавад, тибқи гуфтаи духтари кучакаш, дар пайи сакта дар бемористон бистарӣ […]

Ислом Каримов даргузашт / Нигоҳе кӯтоҳ ба корномаи ӯ

Ислом Абдуғаниевич Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар синни 79-солагӣ даргузашт ва ба дарак восил шуд. Дар ин бора хабаргузории Fergananews дақоиқе пеш хабар дод. Тибқи гузориши ин хабаргузорӣ, ӯ рӯзи душанбе (29 август) соати 15:35 ба вақти маҳаллӣ вафот кардааст. Каримов 30 январи соли 1938 дар Самарқанди Ӯзабистон дар […]

Коре бикун, ки бароят дуо бикунанд, на бар ту

Сайидюнуси Истаравшанӣ Инак, Ислом Каримов, раисиҷумҳури 78-солаи Ӯзбакистон, дар бистари беморист. Тибқи гузориши расонаҳо, вазъаш бисёр вахим аст, ба гунае ки барои дармони ӯ аз ақсо нуқоти ҷаҳон пизишкон оварда шудаанд. Ӯ дар ин лаҳазот миёни маргу зиндагӣ қарор дорад. Маълум нест, оё бемории навбатӣ ба марги ӯ […]

Эҳтимоли такрори сенориюи Қарабоғ дар Осиёи Миёна

Ихтилофоти ахир байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ, ин эҳтимолро қувват мебахшад, ки ҳар лаҳза мумкин аст нуқоте монанди ин минтақа дар Осиёи Марказӣ низ дучори даргирӣ ва иғтишош шавад. Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз Stoletie, нақзи чандбораи оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон тайи моҳҳои […]

Нахуствазири Ҳинд бо “ҳадияҳои форсӣ” ба Осиёи Миёна меояд

Нахуствазири Ҳинд 6 июли соли ҷорӣ бо кӯлаборе аз ҳадияҳои торихӣ ва фарҳангӣ аз ҷумла осори адабии Ҳинд ба забони форсӣ, ба Осиёи Миёна меояд, то равобити Деҳлиро бо панҷ кишвари ин минтақа тавсиъа диҳад. Нориндро Мудӣ сафари худро ба Осиёи Миёна дар торихи 6 июл оғоз мекунад […]

Саранҷоми “курсиҳои риёсати ҷумҳурӣ” дар Осиёи Миёна

Соҳибназарони сиёсӣ ва таҳлилгарони расонаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, бо таваҷҷӯҳ ба сохтори қудрат дар кишварҳои Осиёи Миёна, ояндаи ин кишварҳо баъд аз поён ёфтани даврони раисони ҷумҳури кунуниро мавриди баҳс қарор дода ва барои он се сенорию пешбинӣ кардаанд. Аз раисони ҷумҳури панҷ кишвари Осиёи Миёна, се нафарашон […]

Оё хатари ДОЪИШ барои Тоҷикистон ҷиддист?

Авоили моҳи марти ҳамин сол буд, ки Вазорати дифои Русия аз таҳдиди гурӯҳи теруристии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия” (ва ё ҳамон ДОЪИШ) ба амнияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод. Бар асоси гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия рӯзи […]