Метка: Ӯзбекистон

Шайхи Азҳар: “Ҷаҳонисозӣ нусхаи барӯзшудаи истеъмор аст”

Дуктур Аҳмад Тайиб, шайхи Азҳар, бо баёни ин ки “агар бигӯем ҷаҳонисозӣ нусхае мутаваҳҳишона ва барӯзшуда аз истеъмор аст, муболиға накардаем”, гуфт, назарияи ҷаҳонисозӣ ҷаҳонро ба ду бахш тақсим мекунад: ҷаҳони тавлидкунандагон ва ҷаҳони масрафкунандагон. Дуктур Аҳмад Тайиб, ки барои ширкат дар Конфронси “Абӯмансури Мотуридӣ ва таъолими Мотуридия” […]

Ӯзбакистон ва туризм

Ба қалами Азиз Нақибзод Дар соли гузашта 6 748 500 гардишгар аз Ӯзбакистон дидан намудаанд. Кишвари ҳамсоя аз ин соҳа 1,3 милёрд дулор фоида дидааст. Ва ин омор танҳо фоидаеро дарбар мегирад, ки давлат аз хидматрасониҳои гардишгарӣ дидааст. Ба замми ин, як гардишгар аз хидматрасонии токсӣ, рестурон ва […]

Интизорот аз интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбакистон

Ба қалами Бахтиёр Олимҷонов дар “Евразия Эксперт” Рӯзи 22 декабр дар Ӯзбакистон интихоботи порлумонӣ баргузор ва 150 намояндаи Маҷлиси Олӣ интихоб мешаванд. Рӯзи 20 сентябри соли 2019 дар саросари ин ҷумҳурӣ фаъолияти интихоботӣ оғоз шуд. Пешбинӣ мешавад, беш аз 20 милюн нафар аз ҷумла беш аз 2 милюн […]

Тошканд мизбони Толибон; Мулло Бародар бо вазири хориҷаи Ӯзбакистон дидор кард

Муовини раҳбари Толибон, ки дар раъси ҳайате ба Тошканд рафтааст, бо мақомоти ӯзбакистонӣ аз ҷумла вазири хориҷаи ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Дар ҳоле, ки сарнавишти даври ҳаштуми музокироти Омрико ва Толибон дар Қатар бо ибҳом поён ёфтааст, намояндагони дафтари сиёсии ин гурӯҳ ба раҳбарии Мулло Бародар, ба […]

Вақте пешфарзҳо ва пешдовариҳо ботил мешаванд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Як масъала ҳаст, ки бад нест дар солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва “Рӯзи ваҳдати миллӣ”, дар бораи он сӯҳбат бишавад. Ва он ин ки: роҷеъ ба асбобу авомили бурузи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дидгоҳҳо дар ҷомеаи мо якнавохт нестанд, ҳар гурӯҳ тафсири хоссе аз он ироа […]

Чӣ касоне дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро роҳ андохтанд?

Ба қалами Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари тоҷик ва хабарнигори Радиои Озодӣ Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳиба ё “эътирофи” навбатии Владимир Квачков – полковники мустафъии РАИ (ГРУ), фармондеҳи бригадаи 15-уми таъйиноти махсус, ки замоне дар Узбекистон мустақар шуда буд, нашр шуд. Дар ин мусоҳиба ӯ ба тафсил чӣ гуна дар соли […]

Вақте як нафар дар баробари иродаи кулли миллат меистад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо дар одоту ойину фарҳанги мардумӣ мушобеҳи ҳам ҳастанд, балки ба лиҳози сиёсӣ дар ду даҳаи ахир низ шабоҳатҳои зиёде миёни ин ду кишвари ҳамсоя вуҷуд дорад. Дар поёни ин ёддошт, ба ин матлаб бармегардам. Феълан баҳсам чизе дигар аст. Ва он ин […]

Филм ва тасовире диданӣ аз сафари Ардуғон ба Бухоро

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар сафари серӯзаи худ ба Ӯзбекистон, аз шаҳри бостонии Бухоро дидан ба амал овард ва ба иттифоқи Шавкат Мирзиёев, ҳамтои ӯзбеки худ, аз марқади Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд зиёрат ва раисиҷумҳури Туркия оятҳое аз Қуръони Карим тиловат кард. Шавкат Мирзёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, дар конфронси […]

Мирзиёев аз сохти нерӯгоҳи атомӣ дар кишвараш хабар дод

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон аз барномаи ин кишвар барои имзои қарордоди сохти нерӯгоҳи атомӣ бо Русия хабар дод. Ба гузориш хабаргузории ТАСС, Шавкат Мирзиёев дар ин бора гуфт: “Санадҳои марбут ба оғози сохти нерӯгоҳи атомӣ бо Русия имсол имзо мешавад.” Русия ва Ӯзбекистон дар охирин рӯзҳои соли 2017 тавофуқномаи ҳамкорӣ […]

ҲНИТ: “Бо тағйири раҳбарият дар Ӯзбекистон, равзанаи умед на танҳо барои миллати узбек, балки барои ҳама миллатҳои минтақа ба вуҷуд омад”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе дар хусуси беҳбуди равобити Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бо баёни ин ки “тайи садсолаҳои гузашта низомҳои худкома ва роҳбарони бесалоҳият, ки бо идеология ва шеваҳои зоҳиран гуногун, вале моҳиятан саркубгароёна минтақаро пайи ҳам идора мекарданд, имконияти рушду тараққиро аз афрод ва дар […]

Далели хушҳолии мардуми мо аз сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Имрӯз (9 март), қарор аст раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, вориди Душанбе бишавад. Ҳудуди ду се ҳафта аст, ки ин сафар ба сархатти тамоми расонаҳои давлатӣ табдил шуда ва ба он аҳаммияти фаровоне медиҳанд ва ҳатто чанд нафар ҳунарманди Ӯзбекистон дирӯз ба Тоҷикистон омаданд ва қарор аст […]